Маҳрумияти боз 56 муҳоҷири тоҷик аз ҳаққи вуруд ба Русия
Мақомоти Русия дар се рӯзи гузашта (1-3 сентябр) 56 муҳоҷири тоҷикро аз фурудгоҳҳои ин кишвар ба қафояшон баргардондаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд.
Манбаъ мегӯяд, мақомоти зирабти Маскав далели бозпас фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистонро риоя накардани қонунҳои Русия донистаанд. Ба қавли онҳо, акнун ин муҳоҷирони тоҷик ба муддати се сол аз ворид шудан ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид мекунад, ки шаҳрвандон пеш аз сафар ба Русия ҳатман ба бахши қабул ва маслиҳатдиҳии хадамот ва раёсати он дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, мушкили худро доир ба депортатсия ва дигар масъалаҳои мавҷуда ҳаллу фасл намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |