Оғози дав аз пеши ҳайкали Сомонӣ то Урумчӣ
Субҳи имрӯз, 5-уми сентябр, дави умумиҷаҳонии машъалӣ-2013 дар масофаи 3000 километр аз майдони “Дӯстӣ”-и назди пайкараи шоҳ Исмоили Сомонии Душанбе оғоз гардид.
Тавре Наргис Набиева, сардори раёсати тарбияи ҷисмонии Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва сайёҳии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ дод, дави мазкур тавассути хатсайри Душанбе-Андиҷон-Бишкек-Алмаато-Урумчӣ сурат гирифта, рӯзи 24-уми сентябр дар Урумчии Чин ҷамъбаст мегардад. Ӯ гуфт: “Дар ин мусобиқа 20 нафар варзишгар аз кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя-Қазоқистон, Қирғизистон ва Хитой инчунин 10 нафар варзишгарони Мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.”
Набиева афзуд, ки “ин дав озод аст ҳар касе, ки мехоҳад то як андозаи муайян ҳамроҳ бо варзишгарон медавад. Ҳамасола варзишгарони мо дар ин дав ширкат мекунанд. Аммо на ҳамаи онҳо то ба охир медаванд. Имсол низ аз Тоҷикистон танҳо Ҳасан Ғафуров, ҷоизадори ниммарафони байналмилалии Душанбе- 2013 то ба охир медавад.”
Манбаъ афзуд иштирокдорони дави мазкур аз тариқи Варзоб, ағбаи Анзоб, ноҳияи Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Хуҷанд, Спитамен аз Тоҷикистон берун шуда, тариқи гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давро идома медиҳанд.
Набиева илова намуд, ки варзиш марз надорад ва ба ҳамин хотир варзишгарон марзҳоро убур мекунанд, ки дӯстиву рафоқат миёни кишварҳо пойдор бимонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |