Дар Афғонистон боз як эътилофи аҳзоби сиёсӣ таъсис мешавад
Дар Афғонистон барои пешбарии номзади ягона ба мақоми президентӣ боз як эътилофи бузург таъсис хоҳад шуд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ба ҳайати ин эъилоф, ки ҳануз ном надорад, чеҳраҳои фаъоли сиёсие ба монанди Залмай Халилзод, сафири пешини ИМА дар СММ, Анвар Ҳақ Аҳмадӣ, вазири савдо ва саноати Афғонистон ва ҳамчунин Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, вазири собиқи умури дохилӣ шомиланд.
«Ҳоло замони таъсиси эътилоф ва иттиҳодҳо расидааст. Дар интихоботҳо ба танҳоӣ наметавон ба муваффақиятҳо даст ёфт”, – изҳор доштааст Ҷалолӣ дар суҳбате ба телевизиони “Тулуъ”.
Аз ин пеш як қатор аҳзоби сиёсӣ “Эътилофи интихоботии Афғонистон”-ро созмон дода, эълон доштанд, ки номзади ягонаро барои курсии раёсатҷумҳурӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Интихоботи президентӣ дар Аффғонистон соли 2014 баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |