Русия: Боздошти шаҳрванди Узбакистон бо гумони қатли ҳамватанаш
Пулиси шаҳри Тулаи Русия гуфтааст, бо иттиҳоми куштори як шаҳрванди 38-солаи Узбакистон табааи дигари ин кишварро боздошт кардаанд.
2-юми сентябр дар кӯчаи Кауля ҷасади марде бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо шуд. Баъдан хабар расид, ки ин нафар шаҳрванди Узбакистон аст. Пулис мегӯяд, дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуда, ки ин нафар аз дасти шаҳрванди дигари Узбакистон ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ҳар дуи онҳо дар кӯчаи Пионер ба корҳои сохтмонӣ машғул будаанд. Дар пайи як моҷаро боздоштшуда ба бадану сари ҳамватани худ бо корд чанд зарба мезанад. Ҷабрдида мехоҳад аз ҷои ҳодиса фирор кунад, аммо аз ҷароҳатҳои зиёд дар кӯчаи Кауля ҷон медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |