Дар ноҳияи Мӯъминобод корхонаи саноатии «Зам-зам» коркарди маҳсулоти шириро ба роҳ мондааст.
Тибқи иттилои Сафаралй Зокиров, раиси ноҳия, дар як шабонарўз ҳамин корхона наздики 1-тона ширро коркард намуда, маҳсулоти гуногуни ширӣ истеҳсол мекунад. Маҳсулоти корхона дар навоҳии минтақаи Кӯлоб, бахусус дар Мӯъминобод, шаҳри Кўлоб ва навоҳии Восеву Фархор ба савдо меравад. Зокиров мегўяд, Мӯъминобод аслан ноҳияи чорвопарварӣ ба ҳисоб меравад ва ин ҷо дар баробари хоҷагиҳои деҳқониву ҷамъиятӣ, аҳолӣ ҳам ба чорвопарварӣ машғуланд. Чанде қабл ширу пашми истеҳсолмешуда тақрибан ба фурўш намерафт, зеро харидор набуд. Ҳамакнун, ҳам аҳолӣ ва ҳам хоҷагиҳои чорводор метавонанд бемалол маҳсулоти худро ба ин корхона ба фурӯш гузоранд. Дар ҳамин ҳол, корхонаи «Зам-зам» ҳамчунин маҳсулоти дигари чорвопарварон, пашмро низ харидорӣ карда, кӯрпачаҳои пашмин истеҳсол мекунад. Ба гуфтаи раиси ноҳия, аз аввали сол инҷониб корхона беш аз 4-тона пашмро коркард намуда, кӯрпачаи пашмин истеҳсол кардааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр