Бахшҳо

“Муҳри махфӣ” боис шуд, ки мурофиаи Зайд Саидов дар СИЗО баргузор шавад

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав” дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ё СИЗО сурат хоҳад гирифт.

Дар ин бора ба “Озодагон” Шуҳрат Қудратов, ки ду рӯзи пеш аз нав ба ҳимояти Зайд Саидов оғоз кард, хабар дод. Қудратов далели баргузории мурофиаро дар СИЗО ба муҳри махфӣ гирифтани парвандаи Зайд Саидов рабт дод: “Мо талош мекунем, муҳри махфӣ аз парвандаи Зайд лағв шавад.”

Ба гуфтаи Қудратов дар баррасии парванда наздикони Зайд Саидов низ ҳуқуқи иштирок карданро нахоҳанд дошт: “Дар мурофиа танҳо судя (додрас), худи Зайд, айбдоркунандаи давлатӣ, шоҳидон, ҷабрдидагон иштирок хоҳанд кард. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозати судя метавонанд, ягон нафар аз наздикони Зайд иштирок кунанд.”

Қудратов таъкид намуд, ки мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12-уми сентябри соли ҷорӣ таҳти раисии Шавкат Абдулхайров оғоз шуда, онҳо талош мекунанд, то бегуноҳии ӯро исбот намоянд. “Худи Зайд ҳамаи иттиҳомот алайҳи худро қатъиян рад мекунад. Ин парванда гарчанде мақомот эътироф ҳам накунанд, сиёсӣ аст.”

Ин дар ҳолест, ки Исҳоқ Табаров, вакили дигари дифои Зайд Саидов мегӯяд, аз рӯи қонунгузорӣ баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояташ набояд паси дарҳои пӯшида сурат бигирад, чун ин парванда ҳеч сирри давлатиро дар бар намегирад: “Ба парвандаи мазкур бидуни огоҳии вакилон муҳри махфӣ задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломақом парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Мо ин масъаларо ҳатман бознигарӣ хоҳем кард”.

Исҳоқ Табаров дар идома гуфт, дар парвандаи мазкур аз вазирону раисони собиқи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла раҳбари вақти Саридораи геологияи тоҷик, Кумитаи сармоягузорӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоте, ки зери иҷозатномаҳо барои фаъолияти мухталифи Зайд Саидов имзо гузоштаанд, ёдоварӣ шуда, онҳо ба мурофиаи додгоҳӣ даъват хоҳанд шуд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.
Мӯҳр
Озоди ба Зайд Шерович !!! Озоди !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)