Субҳи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе садҳо нафар ҷамъ шуда, роҳи раисиҷумҳури Тоҷикистонро мепоиданд, то бинои нави беморхонаи рақами 14-ро ифтитоҳ кунад. Гуфта мешавад, ин беморхона бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, хадамоташ дар сатҳи хеле беҳтар роҳандозӣ хоҳад шуд. Хабарнигори “Озодагон” ҳам, ки аз он ҷо мегузашт, чанд акс бардоштааст ва ҳоло дар ихтиёри Шумо мегузорем.
Мӯҳр