Бахшҳо

Ордени “Ситораи Президент”-и Бозор Собир ва ҷоизаи Масов

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросиме бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли кишвар ба Бозор Собир, шоири тоҷик, ордени Ситораи Президент дараҷаи 3-ро тақдим кардааст.

Ин маросим субҳи чоруми сентябр баргузор ва дар қатори Бозор Собир беш аз чаҳорсад нафар бо мукофоти давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба панҷ олими варзида ва пурмаҳсули кишвар Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника низ тақдим шудааст. “Инҳо доктори илмҳои физика ва математика Зафар Усмонов, доктори илмҳои тиббӣ Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиббӣ Убайдулло Қурбонов, доктори илмҳои тиббӣ Каримҷон Ортиқов ва доктори илмҳои таърих академик Раҳим Масов мебошанд”,-афзуд манбаъ.

Дар охир се ходими ҳарбӣ ва кормандони баландпояи сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардидаанд.
Мӯҳр
р
Барои кадом "корхояш" орден ба Бозор? Хайр чор шеърак навиштааст. Ба фикрам барои хамон мадхияи охиринаш дар бораи президент.

Огои Р...ин чор шеърак не, чор шери нари сарра аз хамаи тамаллуккорихо ва сафсатагуйихои пешиниёнат дида, мамлуи хисси ватанхохи ва ватанпарасти буда, ба дардхои хозира ва ояндаи он мумиё мегарданд, ин шо аллох.

Ба Чонбобоев
Шеъра Хофиз гуфт, Бедил гуфт, Саъди, Чоми гуфтанд. Ин шеърхои Бозор махз шеърак хастанд. Талабаи мактаб ин гуна шеърро менависад.

Ин дупагонара бо орден додан.

хакикат
ин хама маълум хаст ки ин корхо барои чи набоша инхо арзандаи як куртаи ки дар кути хаст арзандаи мукофот нестанд
ееее вой бархоли халки точик ки боин хушомад гуи ва шайтони токучо мерафтабошемю
намешава ази шайтонгарида номзадхои призденти маълум карда шаваду бо халк рубару сухбат кунанд мисли дигар давлатхои Дем/ти

мухлис
Унвон муборак устод Бозор Собир. Арзанда хамаи унвонхо хастед.

Бозорбезор
Ин "устодак"-катонро бо ашъори нодаркораш ба Амрико бадарга кунед. Бозор худро дар бозори хукумат ба фуруш гузошт.

Ин "устодак"-катонро бо ашъори нодаркораш ба Амрико бадарга кунед. Бозор худро дар бозори хукумат ба фуруш гузошт.

Шеъра Хофиз гуфт Бедил гуф Ту чи медони аз шеъру шоири,ки бо бахо метии ки шеъра ки оли гуфта буд. Хамон даврахам ту барин паразитои бе майна хамин шоирора мегуфтан, ки шеъри навиштаашон шеър нест, агар таъриха дони. Лекин ман боварии комил дорам, ки на шеъра медони на таъриха!!!!! Ба чое, ки якчоя шаван ватана обод кунан ино факат коршон паст зани кори нагзам куни ганда , бадам куни ганда!!! ин беакло дар тамоми замону давра будан хастан ва мемонан!!!!! Ба устод гуфтаниям табрик арзанда хастед!!!!!!

Бозор Собирро зиеда аз бист сол мутолиа менамудаму ба шеърхояш махбубият доштаму хаводораш будам ба андешаи ман аз у дигар шахси мавкеъаш суст дар адабиети муосир надидаам охир шумо будед ба мо афсонаи озоди мехондед дар солхои навадум хукумати шурохоро танкид мегирифтед аз хабси хукумат баромадеду ба Амрико рафтед тарбуз аз багалатон афтид Амрикоро чунин мехостед дарнаефтед ба мадхи шурохо огоз намудед аввал Ленинро ба Заххок киес додеду баъд ба як шапкаи у тамоми арзишхои миллию динниро баробар надонистед чандин маротиба ба Душанбе омадеду дилатон ба Душанбеи солхои 80 гум зад шахри панчараю панчарадор ва тукумаш аз тиреза овезон ба шумо нафорид аз тамоми шоирон шумо зиндони будеду дигар шоирон зиндонбон ва чандин хонумонсуз дар ракси чакан чакида мехурд дар маколахоятон менавиштед ки нобигахоятонро ба чуз шумо точикон касе намешиносад ва зинхор аз фарзандони Улугзодаву Зулфикорову Абдураззокову Шакуриву дигарон умеде барои миллат нест пас фарзандони шумохам чун аст шумо будед ки гуфтед баъд аз агбаи Анзоб Точике нест пас махаки гап дар кучо аст агар солиени пеш хам ба шумо хукумат тавачух мекард шумо ин кадар гила намекардед дар он солхо дигарон ширин буданд билохира хамаи ин магзшуии шумо барои манфиати худатон будааст дар ин чо хам кинояи ба худ хосе доред ин аввалин ордени ман хаст ва ман хамчу хаводори шеъри баланд шуморо табрик менамоям

Рустам
Ин чоизадихихо хамааш бозии доирахои хукмрон аст, кам мешавад, ки чоизахоро ба олимоне диханд, ки вокеан дар рушди илм сахм гузоштаанд. Масалан масан ягон асари илмие надорад, ки сазовори чоиза бошад. Ман дар як макола хонда будам, ки у сиккашиноси, бостоншиноси, мардумшиносиро дар Пажухишгохи таърих бархам дода бо ин ва дигар амалхои ифротгароёнааш ба таърихшиносии точик зарбаи халокатовар задааст. У бисёр донишмандони боистеъдодро беасос аз кор рондааст. Хукумат шарм накарда ба хамин хел одами нопок ва ифроти чоиза додааст. Яъне у одами уди аст барои хукумат, аммо на барои илм. Инхелихоро чи кадар тезтар аз кор ронанд ба манфиати илм мешавад.

д
Дар Точикистони имруза хама гуна чоизахо танхо барои маддохи дода мешаванд. Ин чо чои бахс хам нест.

шоир
Таърифу лагандабардори ва чоплусиро давом додан гирад, дар Мох хонаи 5-хучрадораш хадя мекунанд.

Хусрав
Ба мухолифони корношоям шуда орден ва ба мухолифони нав хабсхона.

Ин Масов чи кадар, ки ба илм бештар зарар расонад, хамон кадар чоиза ва орденхояш зиёдтар мешаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)