Ҷоми Қирғизистон насиби “Олой” шуд
Клуби “Олой”-и Уш дар қисмати финалии мусобиқаи Ҷоми Қирғизистон дастаи “Дордой”-и Бишкекро шикаст дод.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 19-ум бо як зарбаи бурҷӣ бозигарони “Дордой” боз карданд. “Олой” танҳо дар қисмати дуюми бозӣ муваффақ шуд, ки ҳисобро баробар созад. Дар дақиқаи 64-ум Муралим Аҳмадов аз иштибоҳи дарвозабон истифода намуда тубро вориди дарвозаи “Дордой” кард.
Вақти асосӣ мусовӣ -1:1 поён ёфт. 30 дақиқаи иловагӣ низ чизеро тағир надод. Барандаи Ҷом танҳо дар пайи зарбаҳои ёздаҳметра муайян шуд. Бахти бозигарони “Олой” омад кард ва давоми 23 соли баргузории Ҷоми Қирғизистон бори нахуст онро соҳиб шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |