Зани узбакро, ки таҳдиди тарконидани Додситонии Дубайро кард, 15 соли ҳабс таҳдид мекунад

Прокуратураи Дубай метавонад шаҳрванди Узбакистонро барои амалҳои ғайриқонунӣ ва таҳдид ба се соли ҳабс, ки депортро дар пай дорад, маҳкум намояд. Аммо агар додгоҳ муайян кунад, ки ин бону ба амнияти миллӣ таҳдид кардааст, ӯро 15 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Зулфия Ҳамроеваи 32-сола, шаҳрванди Узбакистон рӯзи 2-юми сентябр боздошт шуд. То кунун нисбат ба вай ҳеч айбе эълон нашудааст. Муайян гардидааст, ки дар камарбанди ӯ ҳеч гуна маводи мунфаҷира набудааст. Писари шашсолаи ӯ алъон зери парастории кормандони пулиси Дубай мебошад.
Ин зан гуфтааст, падари фарзандаш шаҳрванди Аморат мебошад. Онҳо танҳо никоҳи исломӣ карда, ақди никоҳи худро расман сабт накардаанд. Аммо шавҳари Зулфия никоҳро бекор намуда, гуфтааст, падари кӯдак нест. Санҷиши ДНК ҳам нишон дода, ки ин мард падари писар нест. Зулфия гуфтааст, санҷиши ДНК ғалат аст ва мехоҳад ба писараш, ки ҳеч санади расмие надорад, шиносномаи Аморат дода шавад. Худи ин бону ҳам давоми 10 соли ахир ғайриқонунӣ дар Аморати муттаҳидаи Араб ба сар бурдаст. Ҳамроеваро алъон чанд ҷурм, аз ҷумла “таҳдиди тарконидани муассисаи давлатӣ” таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, қаблан расонаҳо хабар доданд, ки мақомоти пулиси шаҳри Дубай баъд аз музокироти 13 соата тавонистанд, “маргталаб”-и узбакро барои натарконидани додситонии ин шаҳр розӣ кунанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Дубайи Имороти Муттащидаи Араб гуфта буд, ки шаҳрванди Узбакистон ба бинои додситонӣ ворид шуда, таҳдид кардааст, ки бо маводи таркандаи дар баданаш буда, биноро метарконад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |