«МЮ» барои Маруан Феллайни 42 миллион евро пардохтааст
Клуби "Манчестер Юнайтед" Маруан Феллайни, ҳамлагари тими "Эвертон"-ро харидааст. Дар ин бора торнамои расмии "Манчестер Юнайтед" хабар медиҳад.
Ҳарчанд манбаъ маълумоти бештаре ироа накардааст, аммо ба иттилои сомонаи "Эвертон" "Юнайтед" барои бозигари 25-сола 27,5 миллион фунт стерлинг, муодили 42,8 миллион евро пардохтааст.
Қаблан расонаҳо ҳамчунин аз таваҷҷуҳи "Манчестер Юнайтед" ба Лейтон Бейнс, ҳимоятгари "Эвертон" хабар дода буданд. Авохири август "Манчестер Юнайтед" барои Феллайни ва Бейнс 35 миллион фунт пешниҳод кард.
Феллайни аз соли 2008 ба ҳайати "Эвертон" пайваст. Карераашро вай аз клуби "Стандард" оғоз кардааст. Соли 2007 ӯ ба ҳайати тими миллии Белгия шомил шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |