Сафорати Русия: Ҳалокати муҳоҷирони тоҷик ногузир аст
Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия мавқеашро дар баробари фавти муҳоҷирини тоҷик ва ҷинояткориҳои онҳо дар Русия баён кардааст.
Дар иттилоияи сафорат омадааст, “сарфи назар аз он, ки ҷинояткориҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз соли 2009 то ҳол 40 дарсад коҳиш ёфтааст, ин теъдод ҳанӯз ҳам дар муқоиса бо амалҳои ғайриқонунӣ, ки нисбати шаҳрвандони тоҷик сурат гирифтаанд, чор маротиба бештар аст.
Сафорат инчунин таъкид мекунад, ки фавти тоҷикон аз дасти тоссарҳо дар Русия муболиға шудааст: “Аз 1,5 миллион тоҷике, ки дар Русия қарор дорад, хоҳу нохоҳ ягон кас мефавтад ва рабт додани он ба тоссарҳо ҳатмӣ нест. Дар мавриди ҷинояткорӣ ҳам чунин аст, ки аз миёни ин теъдоди зиёди одамон, хоҳу нохоҳ нафаре ба ҷиноят даст хоҳад зад.”
Сафорати Русия дар Душанбе омори Вазорати умури дохилии кишварашро меорад, ки дар он теъдоди амалҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2012-ум 1700 адад нишон дода шудааст: “Аз ҷумла дар соли 2012-ум барои куштору расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 66 парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.”
Дар баробари амалҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандони тоҷик, инчунин сафорати Русия омори ҷинояткории муҳоҷирини тоҷикро овардааст, ки дар соли 2012-ум 7 ҳазору 5 ҷиноят содир кардаанд: “Беш аз чоряки ин ҷиноятҳо ба гардиши ғайриқонунии мухаддирот марбут аст. Баробари ин шаҳрвандони тоҷик дар 934 ҳолати дуздӣ, 350 ғоратгарӣ, 198 ҳолати роҳзанӣ, 116 ҳолати расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, 59 куштор, 57 ҳолати таҷовуз ба номус, 44 ҳолати қаллобӣ ва дар 11 ҳолати авбошӣ муттаҳам мешаванд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |