“Ҷалби муҳоҷирон ба корҳои савдо манъ шавад”
Ирина Яровая, раҳбари кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия гуфтааст, бояд ба корҳои савдо ҷалб шудани муҳоҷирон манъ карда шавад.
РИА Новости аз қавли ин хонум навиштааст, ки "муҳоҷирон набояд дар соҳаи савдо кор кунанд”. Яровая, ки зимни сафари корӣ ба Камчатка як нишасти хабарӣ доир кард, ҳамчунин ба масъалаи забондонии муҳоҷирон дахл кардааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар қонунгузорӣ тағирот ворид шуд, ки он ҳар муҳоҷири кориро муваззаф мекард, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия имтиҳони забони русӣ супоранд: "Ин ҳама чораҳои одитарини амниятист, ки барои маҳдуд кардани вуруди “чеҳраҳои нофорам” ба Русия нигаронида шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |