Генерали амрикоӣ: Афғонистон то соли 2018 ба кӯмаки Ғарб ниёз дорад
Бо назардошти қурбониёни зиёди неруҳои афғон, то соли 2018 барои анҷом додани амалиёти ҳарбӣ ин кишвар ба кӯмаки Ғарб ниёз дорад. Ин нуктаро Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи Неруҳои байналмилалии таъмини амният изҳор доштааст.
Ба қавли генерали амрикоӣ ин тобистон неруҳои Афғонистон ва пулис хисороти зиёд диданд: “Аз ҷумла ҳар ҳафта дасти кам 100 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд”. Данфорд гуфтааст, неруҳои афғон аз уҳдаи анҷом додани амалиётҳои заминӣ ба хубӣ мебарояд, аммо то ҳанӯз ба кӯмак барои гузарондани амалиётҳои ҳавоӣ ниёз доранд.
«Фикр мекунам, барои рушди хадамоти амниятии Афғонистоназ 3 то 5 соли дигар лозим аст. Ин ба ин маъно нест, ки ҳоло онҳо таҷрибаи ҷангӣ надоранд. Манзурам ин аст, ки дар ин муҳлат онҳо дигар ба кӯмак ва ёрӣ ниёзе нахоҳанд дошт”,-афзудааст ӯ.
Моҳи июни соли равон неруҳои эътилоф расман ширкати худро дар амалиётҳои ҷангии Афғонистон қатъ намуда, бештар ба корҳои омӯзишӣ шуруъ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |