Бахшҳо

Кӯлоб: Дар донишгоҳ синфхона ва утоқҳои корӣ намерасанд

Дар донишгоҳи Кўлоб 6728 донишҷў таҳсил мекунанд. Дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри таълимгирандагони ин мактаби олӣ 162 синфхона буда, ба гуфтаи маъмурияти донишгоҳ, ин миқдор барои дарсомўзӣ басанда нест.


Аз ин сабаб донишҷӯёни донишгоҳ дарсҳоро дар ду баст анҷом медиҳанд. Нуралй Солеҳов, ректори донишгоҳ мегӯяд, биноҳои донишгоҳ ва синфхонаҳо каманд, ҳарчанд як бинои бузурге, маъруф бо номи «хонаи Ғаффор-седой» ҳанўз чанд сол муқаддам бо қарори вазорати маориф ба ихтиёри ин донишгоҳ супурда шуда буд, ҳанӯз нотамом аст ва бо гузашти вақт таъмирталаб низ гаштаст. Гуфта мешавад, ҳангоми бунёди иншооти 2700-солагии Кӯлоб ҳукумати марказӣ қарор бароварда буд то анҷоми сохтмони мазкур ба ихтиёри сохтмончиёни вилояти Суғд дода шавад, аммо бо сабабҳои номаълум сохтмончиён  корро на оғоз карданду на ба анҷом расонданд.

Ҷаноби Солеҳов мегӯяд, «ҳамакнун ин бино пурра дар ихтиёри донишгоҳ мебошад, вале бо иллати набуди маблағ қудрати таъмиру барқароркунии биноро надорем. Вазорати маориф аз мушкили донишгоҳи Кўлоб огаҳ аст ва тасмим дорад сар аз соли 2012 ин ҷо бинои нави таълимӣ бунёд намояд.Тибқи иттилоъ, устодон дар донишгоҳ ба пуррагӣ мерасанд, ҳарчанд 30-фисади эшонро нафақагирон ташкил медиҳанд. Ба бовари ректор, «манфиат аз устодони кўҳансол барои муаллимони ҷавон хеле зиёд мерасад. Ҷавонон низ донишу саводи хуб доранд, вале баъзеашон ба боварӣ нестанд. Албатта мо такя ба ҷавонон дорем, вале аз таҷрибаи кўҳансолон бояд истифода барем. Аммо ин мушкил ба ҳисоб намеравад, проблемаи асосӣ ин ҳамоно камбуди утоқҳои дарсиву корӣ боқӣ мемонад»,-гуфт дар анҷоми сӯҳбат Нуралӣ Солеҳов.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)