Додгоҳи Олӣ дархости адвокатҳои Зайд Саидовро қонеъ кардааст

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, иҷозат додааст, бо зерҳимояашон дар алоҳидагӣ мулоқоти рӯ ба рӯ дошта бошанд.
Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуд, ки додгоҳ барои мулоқоти рӯ ба рӯи онҳо бо зерҳимояашон иҷозат додааст. Инчунин ба гуфтаи вакили мудофеъ дар назар аст, ки нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи Зайд 12-уми сентябр оғоз шавад. Қазияи Саидов махфӣ эълон шуда, дар назар аст, ки пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки Исҳоқ Табаров мегӯяд, аз руйи қонунгузорӣ баррасии парвандаи З. Саидов набояд паси дарҳои пӯшида сурат бигирад, чун ин парванда ҳеч сирри давлатиро дар бар намегирад: “Ба парвандаи мазкур бидуни огоҳии вакилон муҳри махфӣ задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломақом парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Мо ин масъаларо ҳатман бознигарӣ хоҳем кард”.
Исҳоқ Табаров дар идома гуфт, ки дар парвандаи мазкур аз вазирону раисони собиқи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла –раҳбари вақти Саридораи геологияи тоҷик, Кумитаи сармоягузорӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоте, ки зери иҷозатномаҳо барои фаъолияти мухталифи Зайд Саидов имзо гузоштаанд, ёдоварӣ шуда, онҳо ба мурофиаи додгоҳӣ даъват хоҳанд шуд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |