Қосимов: "Танҳо ба Парвардигор шикоят мебарем" (ВИДЕО)

Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки субҳи имрӯз, 3 сентябр аз боздоштгоҳ раҳо шуд, изҳор медорад, ки муносибати маъмурин бо ӯ ва наздикони Зайд дар боздоштгоҳ дар доираи қонун сурат гирифт.
Қосимов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар боздоштгоҳ онҳоро кор фармудаанд, “ҷоруб дода, лаҳзаҳои ба руфтан машғул буданамонро паноҳӣ сурат гирифтаанд. Мо аз онҳо даъват кардем, ки паноҳӣ нею ба ҳузур навор гиранд. Бигзор ҳама донанд.”
Ба гуфтаи Қосимов писарони Зайд аз он дар ташвиш буданд, ки мақомот дар боздоштгоҳ барои намозхониҳояшон монеа хоҳанд шуд, вале чунин нашудааст ва боздоштшудагон панҷ вақт намозашонро хондаанд: "Фарзандони Зайд Саидов аз он нороҳат буданд, ки баъди шунидани хабари боздошти онҳо падарашон ғамгин хоҳад шуд ва ин ба саломатияш зарар дорад."
Қосимов аз рӯзи аввали боздошташон ёдовар шуда, гуфт, ки ӯ ва писарони Зайдро монанди ҷинояткорони вазнин завлона дар даст ба боздоштгоҳ бурдаанд: "Вақте ба боздоштгоҳ расидем, як масъулаш бо оҳанги баланд пурсид, ки инҳо киянд ва барои чӣ ин ҷо овардаанд? Дар ҷавоб яке аз писарони Зайд гуфт, барои пуфакро ба ҳаво сар додан моро ба ин ҷо оварданд. Аз ин хашми он маъмур омад ва гуфт, "чӣ ман кӯдакум, ки бо ман шухӣ мекунӣ?" Баъде, ки фаҳмонданд, ки писарони Зайд Саидованд, ӯ дигар сар хам карду чизе нагуфт."
Қосимов афзуд, ки дар боздоштгоҳ муносибати маъмурини қаторӣ бо фарзандони Зайд баробари қонунӣ будан, то ҷое хайрхоҳона ҳам буд.
Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки ба истиқболи фарзандони Зайд рафтааст, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, онҳо аллакай раҳо шудаанд ва маъмурини пулис онҳоро то хонаҳояшон гусел кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 29-уми август, 4 писару домоди Зайд Саидов ва инчунин Маҳмудҷон Қосимовро барои ташкили флеш-моб ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда буд. Баробари ин додгоҳ Мавҷуда Соҳибназарова, яке аз ташаббускорони ташкили ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро ба миқдори ҳафт нишондиҳандаи ҳисоботӣ ё худ 280 сомонӣ ҷарима кард.
Ин нафарон рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд, дар маркази Душанбе, дар боми бинои "Пойтахт" ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил кардаанд. Он рӯз дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида, ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд. Аммо мақомот ин корро ғайриқонунӣ ва майдаавбошӣ хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |