Назарпурсӣ: Фишорҳо болои ҲНИТ бо чӣ меанҷомад?
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-09/1378189386_hnit.jpg)
Дар пасманзари гуфтугузорҳо оиди афзоиши фишор болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, "Озодагон" аз коршиносони тоҷик суол кард, ки ин раванд бо чӣ меанҷомад?
Меҳмоншо Шарифзода, донишманд
Оқибати ин девонагии сиёсӣ (paranoia) маълум, ки хуб нест. Ман шоҳиди онам, ки намояндаҳои ин ҳизби ислоҳотхоҳ, ҲНИТ дар яке аз ноҳияҳои Бадахшон зери фишори мақомотҳои қудратианд ва он чӣ дар барномаҳои телевизионии Тоҷикистон мегузарад баёнгари онанд, ки ин “дарди дилҳои сиёсӣ” (political confession)-и бемавқеъ ва ғайриинтизор чӣ гуна шакл гирифтаанд. Ин рӯйдод шояд ба фоидаи гуруҳе фасодкор бошад, вале ҳеч гоҳ ба фоидаи давлат ва миллати Тоҷикистон нест. Ва ин ҷо саволи калиди дигар аст. Сабаб чист, ки дар ин ҷомеа ҳама аз мардумсолорӣ, дигарандешӣ (pluralism), ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар арзишҳои баланди инсонӣ ҳарф мезананд, вале дар воқеият баръакс кор мекунанд? Агар чунин ҷомеаи мустаҳкам ва роҳбарии дуруст аст пас ин тарс ва нобоварӣ аз куҷост?
Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ
Дар саросари ҷумҳурӣ бо дастури мақомоти марказӣ таблиғот алайҳи ҲНИТ бавоситаи радиову телевизион ҷарён дорад, ки хилофи меъёрҳои Сарқонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва хилофи қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” мебошад. Чун ба таври ихтиёрӣ ба ҳизб ворид шудан ё хориҷ шудан мувофиқи оиномаи ҳизб сурат мегирад. Ба ҳама маълум аст, ки Сарқонун ҳатто аз тарафи президент поймол мегардад. Ин ҳама мувофиқи протоколи 32-20, ки аз ҷониби президент 26-уми ноябри соли 2011 имзо шуда буд сурат мегирад. Имрӯз, ки ҳукумат бекор мондаасту мардум аз он барқу обу маоши хубу ҷои кор талаб намекунанд, дар ваҷҳи ҲНИТ рақиби сарсахти худро дидааст. Ҳукумат медонад, ки мисли интихоботи соли 2010 мардум ба ҲНИТ овоз медиҳад. Аз ҳамин рӯ ин амалҳои ношоистаро дар ҳаққи аъзои ҳизб анҷом медиҳанд. Оқибаташ ба хайр шавад, вале ин кор суботу оромиро халалдор мекунад. Баъдан орзуву умедворие, ки мардум аз ин ҳукумат дорад барбод меравад. Мардум медонанд, ки ин ҳукумат мардумӣ нест ва бар зидди ҳуқуқу озодиҳояшон дорад мубориза мебарад.
Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ
Мувофиқи қонун ҳар кас фикру ақидаи худро оид ба ину он ҳизб баён мекунад. Ин ҷои нигаронӣ надорад. Чун ҷомеаи демократӣ бояд маҳдуд набошад. Ман фикр намекунам, ки ин фишор бошад болои ягон ҳизб. Ин талаботи иҷрои қонун аст, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор талаб мешавад. Инро аҳзоб ҳамчун фишор қабул кардаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ
Аслан тавре, ки аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бармеояд, ҳукумати ҳар кишвар, ҳатто муваффақтарин мамлакат кӯшиш менамояд, ки омилҳои таҳдидкунандаи дохиливу хориҷиро муқаррар кунад. Ҳадаф аз чунин муносибат, муттаҳид кардани миллат ва зиёд кардани маблағгузорӣ ба мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аст. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки ҳукуматҳо ҳамин тавр зарурати аз меъёр зиёд нигоҳ доштани кормандони милитсия, амниятӣ, вазорати мудофиа ва ғайраҳоро исбот карданӣ мешавад. Инчунин кушиши ҷалб кардани ҷомеа ва шаҳрвандон ба масъалаҳои хусусияти дуввумдараҷа низ мебошад. Дар Тоҷикистони муосир, Узбакистон сабаби номуваффақ будани сиёсати хориҷӣ бошад, исломи сиёсӣ монеа гӯё дар рушди устувори давлат аст. Ба ақидаи ман дар ҳоли ҳозир маҳз набудани сиёсати муассир ва пайгирона дар муносибат бо муассисаҳои динӣ ва созмонҳои хусусияти динидошта боиси нигаронӣ гардидааст. Гӯиё, ки дар ҷумҳурӣ муаммоҳои ҷиддитар ба монанди коррупсия, хариду фаруши мансаб, монеаҳое, ки барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон ва ғайраҳо набошад. Бино бар ин оқибати фишорҳо ба ҲНИТ эҳтимолияти беэътидол гардидани ҷомеаро вусъат мебахшад. Ба хусус имрӯз, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд пеш аз ҳама дар хусуси гузаронидани интихоботи озоду демократии президенти Тоҷикистон биандешанд.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос
Тадовуми ин фишорҳо болои ҲНИТ ба шиддатнокии вазъияти дохилии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва муносибат миёни давлату аҳзоби мухолиф мунҷар хоҳад шуд. Аз тарафи дигар муҳити интихобот ҳам душвортар мешавад. Феълан даргирӣ байни ҲНИТ ва ҳукумат имконпазир нест. Чун дар шароити феълӣ на ин тарафу на он тараф майли душвор кардани вазъиятро надоранд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Агар ин фишорҳо ба ҳамин минвол идома пайдо бикунанд, ду натиҷа хоҳад дошт: яке ин ки маҳбубияти ин ҳизб назди мардум бештар мешавад, зеро ин як суннати торих аст, ки ҳарчи рӯйи шумо фишор бештар бишавад, ба ҳамон андоза шумо маҳбубтар хоҳед шуд. Натиҷаи дигар он ки маҳбубияти ин ҳукумат назди мардум ва низ дар ҷаҳон коста хоҳад шуд, агар фарз кунем маҳбубияте дошта бошад. Бинобар ин, ҳукумат бо ин корҳояш ҷуз мушкилот барои худ намеафзояд. Дар ҳеч кишваре ҳеч ҳукумате бо фишор рӯйи мухолифонаш ба ҷое нарасидааст ва ба аҳдофаш даст наёфтааст.
Ёқуби Саид, рӯзноманигор
Мурод аз ин фишорҳо чист, ин танҳо ба онҳое рушан аст, ки даст ба коранд. Мо метавонем тахмин бизанем, ки шояд бархе аз афроди алоҳида дар ҳукумати кунунии Тоҷикистон мехоҳанд ин ҳизбу тарафдоронаш аслан вуҷуд надошта бошанд ва ба ин тартиб эшон умри ҳукуматдории худро умрбод гардонанд. Вале ман фикр намекунам, ки ба ин содагӣ мумкин бошад ҲНИТ-ро маҳв кунанд. Зеро ин фишорҳо натиҷаи баръакс хоҳанд дод. То имрӯз шояд иддаи на он қадар зиёди ҷомеа аз мавҷудияти ин ҳизб маълумот доштанд. Аз рузе, ки "таблиғоти сиёҳ"-и ин ҳизб дар ТВ-ҳо шуруъ шуд, аллакай дар саросари Тоҷикистон (албатта онҳое, ки ин ТВ-ҳоро тамошо мекунанд) аз мавҷудияти ин ҳизб огоҳ шуданд. Дар ҷомеа атрофи ин ҳизб афкори умумӣ падид омадааст. Ба ин тартиб онҳое, ки нобудии ҲНИТ-ро мехоҳанд, корашон сангин шуд. Зеро сухани як файлсуф аст, ки мегӯяд: "Муҳим нест, ки дар бораи ман чи фикр мекунанд, муҳим ин ки дар бораам фикр кунанд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |