Раиси кони “Назар-Айлоқ” дар утоқи истироҳатияш кушта шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт, шаҳрванд Темиров Нуриддин соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ба иттилои ин ниҳод дар натиҷа раиси кони ангишт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидааст.
Маҳмадулло Асадуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тафтишоти қазияи мазкурро шахсан вазири умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов зери назорат гирифтааст: “Айни замон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои оперативии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, тафтишоти ин ҷиноят идома дорад.”
"Назар-Айлоқ" яке аз конҳои калидӣ ва дорои ангишти хушсифати Тоҷикистон аст, ки дар 90 киллометрии маркази ноҳияи Рашт қарор дорад ва тақсими манофеъ аз ин кон яке аз омилҳои даргириҳои се соли пеш дар шарқи Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |