Бахшҳо
03 сен 2013 09:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Норозигӣ аз тафтишот алайҳи тоҷири чинӣ, ки дар таҷовузи духтараки тоҷик муттаҳам мешавад

Алишер Зарифӣ

Савсан Розиқова, вакили мудофеи як духтари ноболиғи тоҷик, аз рафти тафтишот алайҳи тоҷири чинӣ, Абдулажан Абдулайти, ки дар таҷовуз ба номуси духтараки зерҳимояаш айбдор мешавад, изҳори норозигӣ намуд.

Розиқова дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, мақомот зерҳимояашро бе ҳузури вакили дифоъ бо шаҳрванди Чин, ки ҷабрдидаро дар сини 11 солагӣ, соли 2011-ум таҷовуз намудааст, рӯ ба рӯ кардаадаанд. Дар ҳоле, ки Розиқова мегӯяд, бе иштироки вакили дифоъ рӯ ба рӯ намудани гумонбар ва ҷабрдида ва ҳамчунин бурдани тафтишот мумкин нест.

Абдулажан Абдулайти, шаҳрванди Хитой, ки пешвои ғайрирасмии уйғурҳои Тоҷикистон ном бурда мешавад ва бо номи Абдулло дар Шимоли кишвар машҳур аст ба гумони таҷовуз ба номуси духтараки 11-сола бо пешниҳоди Додситонии генералӣ ба ҳабс гирифта шудааст.

Савсан Розиқова қайд намуд, мақомоти тафтишотӣ айбдоршавандаро бо моддаи 141-и Кодекси ҷиноятии кишвар муттаҳам мекунанд, ки нодуруст аст: “Зеро моддаи 141 танҳо алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғро гуфтааст, яъне гуиё таҷовуз ҷой надоштааст ва ин кор бо хоҳиши ноболиғ шуда бошад: «Моддаи 138 бошад таҷовуз ба номуси духтари хурдсолро бар хилофи хоҳиши худаш пешбинӣ намудааст, ки ҳаракатҳои шаҳрванди чинӣ бо ҳамин модда рост меояд».

Аз ин хотир Розиқова аз Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки нисбати кирдорҳои Абдулажан Абдулайти моддаи 138 татбиқ карда шавад.

Дар дархости ин вакили дифоъ ба прокурори генералӣ навишта шудааст, ки зерҳимояашро модараш ба гумонбар ба тариқи маҷбурӣ никоҳ карда медиҳад:
«Гумонбар Абдулажан Абдулайти мунтазам, муддати 2-3 моҳ ба ҷабрдида тариқи маҷбурӣ аз ҳолати оҷизонаи ӯ истифода бурда, ба ӯ алоқаи ҷинсӣ мекунад, ки зерҳимояаш зарари хеле руҳиву ҷисмонӣ мегирад ва дар натиҷа ин кӯдаки хурдсол ба тақдираш тан додаст».

Савсан Розиқова иброз намуд, ки зерҳимояаш дар синни 12 солагӣ ҳомиладор мешавад ва гумонбар бо модари ҷабрдида ӯро маҷбуран ба таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе бурда, исқоти ҳамл мекунад. Ба қавли ин ҳамсуҳбатамон рӯзи якум ин духтари хурдсол метарсад, гиря карда, аз исқоти ҳамл худдорӣ мекунад ва рӯзи дуюм модараш ӯро ҷанг карда, ин корро амалӣ менамоянд.

Худи ин духтари ҷабрдида дар суҳбат ба «Озодагон» иброз дошт, ки модараш ӯро маҷбуран ба шаҳрванди Чин медиҳад ва ин чинӣ ӯро маҷбуран таҷовуз кардааст. Мусоҳибамон қайд намуд, ки дар таваллудхона - ҳамон чанд духтуре, ки дар исқоти ҳамли ӯ даст доранд, агар бинад, мешиносад. Ба гуфтаи вакили дифоъ айни ҳол модари ин духтар ба Чин фирор кардааст.

Ҷабрдида дар аризаи навиштаи худ ба прокурори генералӣ бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки ҳоло тағояш ӯро ба ҳолаш нагузошта истодааст. Ба гуфтаи ин ноболиғ тағояш бо одамҳои Абдулажан Абдулайти маслиҳат кардааст ва мехоҳад ҷабрдида аз даъвояш даст кашад: “Ман бо тағоям бовар надорам ва аз кирдорҳояш шубҳа дорам.”

Ҳодисаи таҷавуз ба номуси ин духтар дар як хона, дар суроғаи Рӯдакӣ 93, дар рӯ ба рӯи қароргоҳи Президенти Тоҷикистон, дар пайи муносибатҳои қарзиву молии модари ноболиғ рух додааст.
Мӯҳр
Хамин чинихо ки рох додай да хами ТЧ и мо Безорем ай хдшонам ай коркнишонам ай корхонашонам. Додситони наход барои пул шуда як чинии тарафдори кни бтенш 25 сол бшина худозада

Tojik
Agar konun boshad in лаънатиро бо модари духтар сангсор кардан даркор

Рости ба рафтори чунин модарон нафрат дорам. Ба хотири маблаг, ба хотири аз карз халоси ёфтан такдири тифли бегунохро хал кард. Ояндаи ин духтараки ноболигро ба нестиву ноумеди бурд. Кош Худованди мутаъол аввал дар калби хар як модар заррае бошад хам хисси садокату рахму шавкатро арзони намояд. Боз мегуям баланд гардидани хисси нафрат нисбати ин "Модари дилсуз" намегузорад, ки андешахоямро давом дихам...

Patriot
ajab dunyoe yak fohisharo majbur mekunand ki bigu yak tojik yak musulmon yak tojiri bo obru yak khidmatguzori millat yak mahbubi millat tajovuzam kard ammo yak dukhtari digarro majbur mekunand ki bigu yak begona bo khohishi khudam ba nomusam rasid!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
okhiri in rohe ki mo va kishvari moro mebarand kujo ast???!!!

ба Худо нанг аст, магар мо нолмус дорем, барои пул шуда аз ин хайвони чинои пуштибони мекунем. 11 соларо тачовуз кардааст, як кунгузи чинои аммо чун пулдор аст, кор ба манфиати у хал мешавад, кани нангу ори точики, дигар афсус, ки аз он нишонае намондааст, пагох ин хархо бачахоро тачовуз мекеунанд

бовар кунед дар бозори корвон хамаи бозоршинони уйгур мегуянд ки абдуло боз 10 духтари 11 соларо тачовуз карда пула дода халос мешавадмеган тачик у ким узы нав хавар шиден дар корвон хам налогу хам овиру хам милиса аз уно дифо мекуна хар чи дар бало мондай точик зану марди точик мембра ай хушомадаю хокзанира ки арзонтар борм бта барои хами додгохи мухтарам аз шумо хохиш каме номуси милиатонро кор фармоед бо ехтиром точики точикдуст

хондани ин суханхо бароям як дарди бузург аст!лаънат ба модаре ки ин корро кардааст нафрат ба он судяе ки дар халли ин кор акибнишини дорад!агар прокрори генерали ба ин кор дахолат накунад пас ин одамро метавон як шахси ноухдабарои беимону душмани милат ном бурд!рости нанг меояд наход макомот зарае нангу номус накунад

Мастчох
Бародарон илтимос нангу номуси точикиро аз даст надихед касам ба худо гуфтани бисёр дорам натавонистам навистана аз хисоби бисёр гирифтани пора кадом руз . Точикистона аз даст метиян худо нигох дорад

Барои ин "модар"-и аз чашмхояш пардаи мехру мухаббати фарзанди дур гашта ва дили хам монанди санги хоро будааш нафрати мардуми точик фидояш бод!!!
Ин зан агар имруз аз Точикистон дур бошад хам аз азоби вичдон дур буда наметавонад ва ин азоб уро таъкиб меунад то лаби гур.Хайф бар вичдони чунин зан.Фардо ин духтараки 11 сола чи гуна ва бо кадом номус зиндаги хохад кард.Такдири як нафар аз чониби модараш халли ногувори худро пайдо кард.Ин модари лаъин хами ин нвиштахоро мехонад бовари дорам.Эй модари хоин эй модари дар лаънати Худованд карор дошта, агар дар гузашта модари ту бо ту хоин ин корро мекард ту рози буди?

Барои ин "модар"-и аз чашмхояш пардаи мехру мухаббати фарзанди дур гашта ва дили хам монанди санги хоро будааш нафрати мардуми точик фидояш бод!!!
Ин зан агар имруз аз Точикистон дур бошад хам аз азоби вичдон дур буда наметавонад ва ин азоб уро таъкиб меунад то лаби гур.Хайф бар вичдони чунин зан.Фардо ин духтараки 11 сола чи гуна ва бо кадом номус зиндаги хохад кард.Такдири як нафар аз чониби модараш халли ногувори худро пайдо кард.Ин модари лаъин хами ин нвиштахоро мехонад бовари дорам.Эй модари хоин эй модари дар лаънати Худованд карор дошта, агар дар гузашта модари ту бо ту хоин ин корро мекард ту рози буди?

Бовар кунед мардум агар хамин шахрванди чиниро махбас накунанд,хатман ман ин мардро ёфта буги карда мекушаму рафта худам ба гунохам икрор мешавам.

Ман хаминда хайрон мешавам. ки дар давлати мо чинихо хучаин мебонанд хайфи халки точик. ки хизмагори Чинихо шудаанд Ин шармандаги дар тамоми давлатхо. ки халки точикро номуси точикро як хел занхои точик барои пулу мол шуда бо Чинихои чашм танг ояндаи миллати точикро нест мекунанд инхо ачучу мачуч мебошанд Хушёр шавед халки точк миллати худро паст назанед Ман мехохам. ки никохи точиконро бо халки Хитои маън кунанд Хар кас ки фарзандашро бо пулу мол мефурушад Хукми сахтарин дода шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)