Роҳбарияти “7 Бурҷ” иддао дорад, ки "пирамида" насохтаанд
Роҳбарияти ширкати “7 Бурҷ”, ки ахиран фаъолияташ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст, бо пахши як иттилоия “пирамида” будани ин корхонаро рад намуда, фаъолияташро ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандон муфид хонд.
Дар иттилоия, ки роҳбарияти ин ширкат дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, паҳлӯҳои мусбати фаъолияти корхона зикр шуда, ваҷҳҳое оварда шудаанд, ки гӯиё ин ширкат "пирамида" нест. Дар иттилоия аз ҷумла омадааст: Ширкати “7 Бурҷ” аз таърихи 25.01.2011 расман кор ва фаъолият менамояд ва мақсади фаъолияти он, додани маълумот доир ба тиҷорати шабакавии худ, пешниҳод намудани хизматрасониҳои талаби замон - қувваҳои кории бекорхобидаро ба кор ҷалб кардан ва таъмин намудани мардум бо ҷойҳои корӣ ва ба ин восита сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии зисту зиндагонии мардуми тоҷикро баланд бардоштан, баланд бардоштани сатҳи дониши мардум оиди омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) ва курсҳои компютерӣ ба тариқи ройгон ва курсҳои ронандагӣ ба тариқи 50 фисад маблағгузорӣ мебошад, ки ҳамаи ин талаби замон аст ва на ҳама мардуми тоҷику тоҷикистониён метавонанд фарзандони худро бо забонҳои талаби замон хононанд. Инчунин, дар оянда ширкат, боз ҷорӣ намудани омӯзиши якчанд забонҳои хориҷии дигар ва касбҳоро дар нақша дорад.
Дар муддати фаъолияти дувунимсолаи худ ширкат тавонист ҳазорон одамонро бо ҷойи кор таъмин намояд (то имрӯз шумораи муштариёни ширкат ба панҷуним ҳазор нафар расидааст). Дуввум ин, ки ҳар як муштарии ба ширкат воридшуда дар муддатҳои муайян аз даромадҳои худ ба буҷаи давлат андозҳо месупорад.
Саввум ин, ки ҳамаи кормандони воридгардида аз кори ширкат розӣ ва қонеъ ҳастанд. Чаҳорум ин, ки ширкат ҳаққи касеро нахӯрдааст, балки дар чорчӯбаи талаботи қонунҳои ҷорӣ кор ва фаъолият карда, ба тамоми муштариёни худ манфиат оварда истодааст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки таи ду солу ҳафт моҳи фаъолияти ширкат аз ҷониби муштариён ба мақомотҳои дахлдор аризаи шикоятӣ пешниҳод нагардидааст.
Дар асри ХХI дар саросари ҷаҳон зиёда аз 9000 ширкатҳои шабакавӣ фаъолият доранд. Аз он ҷумла 9-10 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони мо низ чунин ширкатҳои шабакавӣ бо муввафақият кору фаъолият намуда, барои паст намудани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ мусоидат карда истодаанд.
Ширкат дар тӯли кори дуввунимсолаи худ қариб ба дуввуним ҳазор одамон омӯзишҳои компютерӣ, забони англисӣ, русӣ ва ронандагиро додааст. Ширкат дар тӯли мавҷудияти худ зиёда аз 700 000 сомонӣ (700 ҳазор сомонӣ) ба буҷаи ҷумҳурӣ андоз супоридааст.
Соли гузашта, 2012, аз ҷониби Прокуратураи шаҳрӣ фаъолияти ширкат пурра санҷида шуда буд. Дар натиҷаи санҷиш, Суди шаҳрии иқтисодӣ қарор қабул кард, ки дар фаъолияти ширкати “7 Бурҷ” ягон нуқсон дида намешавад ва ширкат метавонад, ки фаъолияти худро давом диҳад.
Ширкат дар асоси қонунгузории Тоҷикистон кору фаъолият мекунад. Вақте, ки аз тарафи бонк омада кори моро санҷида баромаданд, далел (факт) аз рӯи маълумоти онҳо ин буд ки гӯиё мо бо асъори хориҷӣ кор мекунем. Чун ширкат бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад, бе чуну чаро муомилот бо асъори хориҷӣ сурат бигирад, ки ҷои баҳс надорад. Барои бастани ширкати “7Бурҷ” ин асос шуда наметавонад. Санҷишҳое ки дар рафти фаъолияти ширкатҳо гузаронида мешаванд, ба кору фаъолияти ширкат набояд халал расонанд. Аммо дар вақти санҷиши ширкати “7Бурҷ” аз тарафи мақомотҳои санҷишӣ, санҷиш пурра ба итмом нарасида фаъолияти ширкат боздошта шуд. Магар бастани ширкат ба касе лозим буд? Магар ин қонуншиканӣ аз тарафи мақомоти санҷишӣ нест ё худ бастани фаъолияти ин ширкат ба кадом арзише набошад ба касе лозим аст. Дар ин ҳолат ягон даъвогар ҳуқуқ надорад, ки фаъолияти ширкатро манъ намояд. Танҳо Суд ба тариқи судӣ ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти ширкатро боздошт намояд.
Роҳбарияти “7 бурҷ” дар иттилоияи пахшкардаи худ чанд далелро пеш меорад, ки ин ширкат пирамида нест ва фиреби мизоҷон равона нашудааст:
1)Ширкатҳои пирамидавӣ дар ягон мамлакат, қонунӣ ба расмият дароварда намешаванд.
Ширкати “7 бурҷ”аз 25 январи соли 2011,расман таҳти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,фаъолият менамояд.
2)Ширкатҳои пирамидавӣ дар ягон мамлакат, дафтари расми (офис)надоранд,фақат бо як сомона (сайт)кор мекунанд.
Ширкати “7 бурҷ”дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтарҳои расмӣ (офисҳо)дорад.
3)Фаъолияти ширкатҳои пирамидавӣ аз якуним сол зиёд давомнокӣ надоранд.
Ширкати “7 бурҷ” 2 солу 7 моҳ шуд,ки фаъолият дорад ва дар ҳоли васеъшавӣ дар ҳамаи ноҳияҳои кишвари азизамон аст.
4)Дар ширкатҳои пирамидавӣ гардиши мол бо маҳсулот, истеҳсолот ва хизматрасониҳо вуҷуд надорад
Дар ширкати “7 бурҷ” чанд намуд хизматрасониҳо вуҷуд дорад,инчунин ширкат бо ширкатҳои мамлакатҳои Аврупо (Олмон ва Чехия), ҳамкорӣ дорад ва маҳсулотҳои талаботи халқро бо стандартҳои аврупоӣ, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар дигар мамлакатҳо,ба фурӯш мондааст.
5)Дар ширкатҳои пирамидавӣ, ба муштариёнаш оиди дар кадом самти тиҷорат истифода бурдани маблағҳо ягон ҳисобот дода намешавад.
Дар ширкати “7 бурҷ” аз рӯзи аввали таъсисёбӣ, пешакӣ дар чаласаҳо муштариёнашро бо плани тиҷоратӣ ба ҳар як номгӯи маҳсулот ё ягон тиҷорат шинос менамояд.
6) Ширкатҳои пирамидавӣ фақат бо пули электоронӣ фаъолият мекунанд, ки дар мавриди вориди шахсони нав шудан, пулҳояшон нақд мегардад.
Дар ширкати “7 бурҷ” ҳама муштариён корти бонкӣ доранд ва озодона метавонанд пулҳои электронии худро ба бонк интиқол намоянд.
7)Дар Ширкатҳои пирамидавӣ ягон шартнома байни муштарӣ ва ширкат ба имзо намерасад.
Дар ширкати “7 бурҷ” бо ҳар як муштарӣ, шартномаи дутарафа ба имзо мерасад.
8)Дар Ширкатҳои пирамидавӣ ба маблағҳои муштариён кафолат дода намешавад.
Ширкати “7 бурҷ” бошад баҳар як маблағи аслии муштарӣ, бо маҳсулот додани маблағро кафолат додааст.
9)Фоидадиҳии ширкатҳои пирамидавӣ на кам аз 300%-и солонаро ташкил медиҳад (дар як моҳ на кам аз 20-25%)
Дар ширкати “7 бурҷ” аз 36% то 45% -и солонаро ташкил медиҳад,ки кафолати он бидуни фоида,яъне барои асли пул,ва он ҳам на бо пули нақдӣ,балки бо маҳсулот дода мешавад.
10)Дар ширкатхои пирамидавӣ ҷаласаҳои омӯзишӣ бо муштариён, оиди тиҷорати шабакавӣ гузаронида намешаванд.
Дар ширкати “7 бурҷ” ҳар ҳафта ҷаласаҳо оиди кори ширкат,пешравии ширкатва муваффақиятҳои муштариён гузаронида мешавад.
11)Дар ширкатҳои пирамидавӣ, дар мавриди муфлисшавӣ ё бастани ширкат,маблағҳои муштариён баргардонида намешаванд.
Дар ширкати “7 бурҷ” дар ин ҳолатҳо, тамоми асли маблағҳои муштариён бо маҳсулоти талаботи мардум,баргардонида мешаванд.
Дар хулоса, факат намуди тиҷорати шабакавии ширкати “7 бурҷ” аз рӯи маркетинги ҷаҳонӣ ба шакли пирамидавӣ (аз боло ба поёнро)нишон медиҳад, ки чунин шакли аз боло ба поёнро, қариб ҳамаи сохторҳои тиҷорати (заводу фабрика, корхонаҳо ва ғ.) доранд, ки ин асоси Пирамидаи молиявӣ будани Ширкати“7 бурҷ”-ро исбот карда наметавонад.
Роҳбарияти “7 бурҷ” пешниҳод дорад, ки "барои санҷиши ҳаматарафаи кори ин ширкат комиссияи махсус ташкил карда шавад, ки пас аз омӯзиши ҳаматарафаи фаъолияти ширкат ба хулоса ва натиҷае бирасанд." Ба гуфтаи роҳбарияти ширкат монеа эҷод намудану садд гузаштанҳо боиси дилсардии соҳибкорону тоҷирон ва муштариёне мегардад, ки аллаккай самараи меҳнати худро чашидаанду соҳиби ҷойи кор ва даромади бонизом гардидаанд: “Бори дигар аз мақомоти дахлдор хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки ҳарчӣ зудтар “мӯйро аз хамир ҷудо намуда”, барои фаъолияти минбаъдаи ширкат заминаи мусоид фароҳам оранд.”
Ин дар ҳолест, ки ба ин ширкат шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағи 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар ворид мегарданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месозанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд.
Мақомоти тоҷик аз он нигаронанд, ки фаъолияти ин ширкат ба фиреби муштариён равона шудааст ва талаб дорад, ки роҳбарият маблағҳои гирифтаи шаҳрвандонро бозпас диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |