Шафқат Муҳиддинов раисикунандаи парвандаи Зайд таъин шуд
Шафқат Муҳиддинов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик таъин шудааст.
Дар ин бора як манбаи хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, ки мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки вакилони дифоъи Зайд Саидов аз муҳри махфӣ гирифтани парвандаи зерҳимояашон изҳори нигаронӣ мекунанд. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки аслан аз руйи қонунгузорӣ баррасии парвандаи З. Саидов набояд паси дарҳои пӯшида сурат бигирад, чун ин парванда ҳеч сирри давлатиро дар бар намегирад: “Ба парвандаи мазкур бидуни огоҳии вакилон муҳри махфӣ задаанд. Ба мо гуфтанд, ки ба далели ишора гардидани ному насаби чанд мансабдори воломақом парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Мо ин масъаларо ҳатман бознигарӣ хоҳем кард”.
Исҳоқ Табаров дар идома гуфт, ки дар парвандаи мазкур аз вазирону раисони собиқи ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла –раҳбари вақти Саридораи геологияи тоҷик, Кумитаи сармоягузорӣ, Вазорати адлия ва дигар мақомоте, ки зери иҷозатномаҳо барои фаъолияти мухталифи Зайд Саидов имзо гузоштаанд, ёдоварӣ шуда, онҳо ба мурофиаи додгоҳӣ даъват хоҳанд шуд.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, ки ҳоло ба унвони Додгоҳи Олӣ барои дидорбинӣ бо зерҳимояашон ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо дархости расмӣ фиристодаанд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |