Бахшҳо
25 июл 2011 13:51Иҷтимоӣ

Падаре, ки намедонад масъулияташ чист?

Ҳангоме, ки литсейи муштараки тоҷикӣ-туркӣ барои қабули хонандагони навбатӣ барои соли таҳсили  2011-2012 озмун эълон кард фарзандам ғайричашмдошти ману модараш изҳори иштирок дар озмунро кард.


Натиҷаи имтиҳонот низ бароямон ғайричашмдошт буд: дар қатори зиёда аз 110 нафари хонандагони ба литсей дохилшуда ӯ ҷойи 60-умро ишғол кард. Чун маълум шуд, ки ҳаққултаҳсил дар литсейи мазкур барои як моҳ 140 доллари ИМА (солона 1400 $) аст, ночор аз таҳсили фарзанд дар литсейи тоҷикӣ-туркӣ даст кашидем. Дар роҳи бозгашт аз литсей фарзандамон ба модараш мегӯяд: "Очаҷон зиқ нашавед, ҳеҷ гап не, ки маро дар литсей хононда наметавонед... ман хостам дониши худро бисанҷам... Дар мактаби миёна низ таҳсил карда мешавад". Аз шунидани суханони фарзанди 12 сола,  бори аввал ҳамчун падари чор писар ба таври ҷиддӣ ба андеша рафтам, ки падар барои писар чӣ масъулият дошта метавонад? Падар, ки фарзандашро дар мактабе, ки духтари вазири маорифи кишвар ва фарзандони кулли вазирону кабирони ҳукумати Тоҷикистон он ҷо таҳсил мекунад, хононда натавонад, рисолати худро анҷомёфта дониста метавонад ё не? Умуман, дар кишвари азизи мо хонондани фарзандон бо кадом мақсад анҷом мегирад: пайгирона бо ҳадафи омода кардани мутахассис - кадр ва ё ҳамту барои "престиж" - қафо намондан аз дигарон?  

Капитализми ваҳшӣ
Ҷамъияти имрӯзае, ки дар он зиндагӣ ба сар мебарем, ҷомеаест, ки кулли аъзоёнаш танҳо ва танҳо дар як андешаанд: аз куҷо пул пайдо кунем? Албатта ин табиист, вақте ки барои зистан, хӯрдан, нӯшидан, пӯшидан, хондан, табобат гирифтан, истироҳат кардан, боло бурдани сатҳи рӯзгор, такмили донишу касбу ҳунар, пайдо кардани тозатарин ахбори ҷаҳон, бохабар шудан аз навгониҳои тамаддун, илму фарҳангу мусиқӣ зарурати пардохти пул пеш меояд! Ҳар нафар вобаста ба имконияти доштааш аз  ин рӯйхати нопурра интихоб мекунад, ки кадомашро иҷро кунад; зистан хӯрдану нӯшидану пӯшиданро тақозо мекунад, пас пули мавҷуда барои зистан пардохт мешавад, аммо, хондан, такмили донишу ҳунар, истироҳату табобатро ба вақти дигар, то замони пайдо шудани пули зарурӣ қафо гузошта мешавад.

Ҳамагуна давлат новобаста ба пешрафта ва ё бозмонда буданаш вазифадор аст, то шаҳрвандонаш босавод, тандуруст, хушзеҳн, пешрафта ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ омода бошанд. Давлати шӯравӣ бепул мехононд, бепул табобат мекард, бо ҷойи кор таъмин месохт, барои рушди комили ҷисмониву маънавии шахсият шароити мусоид фароҳам оварда буд, бар ивази ин ӯҳдадориҳои худ аз шаҳрвандон меҳру муҳаббати ватандорӣ тақозо мекард. Бинобар ҳамин агарчӣ 20 сол боз ин давлат вуҷуд надорад, собиқ шаҳрвандонаш хубиҳои он давлатро фаромӯш накардаанд! Агар давлат имконияти бепул хонондан ва табобат карданро надошта бошад, пас бояд барои шаҳрвандонаш аққалан шароит фароҳам созад ва мусоидат намояд, то шаҳрвандон бо роҳи қонунӣ соҳиби пул, давлату савлати басанда шаванд, босаводу тандуруст бошанд.

Ҷаноби пул ту дар куҷоӣ?
Дар Тоҷикистони азиз, ки саноат (чӣ сабуку чӣ вазнин) вуҷуд надорад, хоҷагии деҳот ба зону нишастааст шаҳрвандон барои ёфтани азизу мушкилосонкун - Ҷаноби пул кишварро тарк мекунанд. Балки падару модарони кӯҳистони тоҷик фарзандони 18-20 солаи худро бо мақсади ёфтани пул, об дар чашм ба Русия - ба сӯи номуайяниҳо мефиристанд; дар ин амал стратегия - пайдо кардани пул (зистан, хонадор кардан, бунёди манзили зист...) ва  тактика - таваккал (азобу уқубат кашидан, мурдан ва ё гирифтор шудан ба бемории табобатнашаванда, печидан ба равияву мазҳабҳои бегона...) аст.

Онҳое, ки хоҳиш ва завқи мардикорӣ дар кишвари бегонаро надоранд, рӯ меоранд ба тиҷорат. Бо фоизҳои осмонӣ аз бонкҳо қарз мегиранд, бо нархи аз 5 то 8 ҳазор доллари ИМА аз бозори хушсавдо ҷой мехаранд ва сипас барои молу коло ба Урумчии Чин мераванд. Сайдшариф Шарифов мегӯяд, ки ба муддати се сол аз хазинаи Оғохони IV 8 ҳазор сомонӣ пул қарз гирифтааст (ҳар моҳ 3 фоиз, солона 36 фоиз, дар ҳисоби умумӣ 108 фоиз) ва ҷамъулҷамъ бояд 16 ҳазору 600 чанд сомонӣ қарзашро баргардонад. Ин магар беинсофӣ нест, ки 8 ҳазор гирифта 17 ҳазор бармегардонӣ! Пас маълум мешавад, ки тамоми тоҷирони Тоҷикистон барои бонкҳои мамлакат фаъолият мекунанд. Худо накунад, тоҷир ба фалокате (обхезӣ, сухтор, садамаи нақлиётӣ, беморӣ) дучор ояд ва ё муфлис шавад, он гоҳ молу коло чӣ кӣ, манзили зисташ аз даст мераваду дар кӯча мемонанд...

Дар иҳотаи таҳдидҳо
Дар чунин шарту шароит маҳаки тарбия ва таълими фарзанд бояд аз чӣ иборат бошад? Ба қавли мутахассиси пешбари Маркази рушди истеъдодҳои ҷавон Лола Саидова "кӯдакони муосир ғайричашмдошти калонсолон зуд "калон" мешаванд". Дар ҳақиқат интернет, бозиҳои компютерӣ, кинофилмҳои гуногунмазмуни тасвириву бадеӣ, навгониҳои техникӣ, рушди бесобиқаи ишқбозии кӯчагии наврасон, паҳн шудани наъшамандӣ ва гомосексуализм, авҷ гирифтани задухурдҳои гурӯҳӣ, "ҷамъиятӣ" шудани авбошӣ, дағалгуфториву бешармӣ падару модарро дар муҳосира гирифтаанд. Муҳосирае, ки доимо ба сари падару модар ва фарзандони онҳо  таҳдиди овардани хатар ба бор дорад. Замоне, ки духтарони тоҷик дар кунҷи хона ба танҳоӣ қиссаҳои ошиқии Лайливу Ширину Зулайхову Шамсияро мутолиа карда ба иффату шарми дӯшизагону бонувони шарқӣ эҳтиром қоийл мешуданд бебозгашт рафтаст; акнун духтаракони 15-17 сола ишқи тоҷикдухтаронро ба кӯчаву паскӯча, ба гулгашту боғзорҳои Душанбе баровардаанд. Замоне, ки як нафарро дар ҳудуди чанд деҳа "арақнӯш" гуфта пеши фарзандон таъна мекарданд гузашта рафт; акнун навҷавонон пивонӯшӣ, истеъмоли "таблетка", доштани чанд "арӯс", иштирок дар дискоклубҳои нимторикро нишонаи ба балоғат расидан медонанд.

Нависандаи шинохтаи тоҷик "З.А."  мегӯяд: "ман то ҳоло намоз нахондаам, аммо хуб медонам, ки ислом ахлоқ аст, беҳтарин тарбиятдиҳандаи одоби накӯ, таълими дуруст, рафтору гуфтори шариф маҳз ислом аст. Муттаассифона, чанд мансабдор, исломро ба сиёсат махлут карда беҳтарин бартарияти дин - тарбияи накӯро аз сари ҷавонон мехоҳанд дур кунанд. Ҳол он, ки гузаштагони мо даҳ садсола дар партави ҳикоят, қасидаву ғазали Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил... ки ҳамагӣ саршор аз ҳадисҳои қуръонианд, таълиму тарбият гирифта буданд".

Падарону модарони бебизоат фарзандонамон дузд, ғоратгар, ваҳшӣ, наркоману ҷинояткор нашавад гуфта фарзандонро пеши муллои масҷиди деҳа сабақгирӣ мефиристонданд, то онҳо бедилхониву ҳофизхонӣ кунанд, одобу рафтори ҳамида омӯзанд. Бо айби чанд рӯҳонии нафспарвар акнун ин мактаби кӯҳна низ аз байн рафт.

"Барои тарбияи дурусти фарзанд пеш аз ҳама иқтисодиёти пурқувват даркор, - мегӯяд нафақахур, соҳиби 6 фарзанди баркамол Рустам Сатторов. - Шиками кӯдак сер бошад, танаш пӯшида бошад, шароити хониш муҳайё бошад, тарбия осон мешавад, вале агар кӯдак гурусна бошад, танаш луч бошад, маҷбур аст ба кӯча барояд мошин шӯяд, ароба кашад. Агар босабру тамкин бошад хуш ба ҳолаш, аммо агар бо унсурҳои манфӣ рӯ ба рӯ шаваду бо онҳо унс гирад, он гоҳ шояд ин кӯдак ба дузд, роҳзан ва ё бангӣ мубаддал гардад".

Масъули таълиму тарбияи арзанда танҳо волидайнанд?
Ба шарофати истиқлоли Ватан ҳоло дар мамлакат 25 донишкадаву донишгоҳ фаъолият мекунанд, ҳамасола даҳҳо ҳазор ҷавонон ба макотиби олӣ дохил мешаванду ҳамин миқдор онро хатм мекунанд, аммо сатҳи донишандӯзӣ, саводнокиву хушахлоқии донишҷӯёни ин макотиб ба сатҳи хонандагони ОКТ -и даврони шӯравӣ баробар намешавад. Гузашта аз ин бо гузашти зиёда аз як даҳсола ягон натиҷаи чашмрас аз фаъолияти ин донишгоҳу донишкадаҳо ба назар намерасад.  Маълум нест, ки мутахассиси дипломдори бе ҷойи кор ба чӣ кор меояд? Маълум нест, ки дар мо бекорхуҷаи дипломдор тайёр мекунанд ва ё коргарони бекасбу беҳунар, гузашта аз ин маълум нест, ки ба фарзандон тарбияи шарқӣ медиҳем ва ё ғарбӣ, тарбияи исломӣ медиҳем ва ё бединӣ?

Аксари волидайн фақат барои аз хизмати ҳарбӣ халос кардани фарзандон ононро донишҷӯй мекунанд; аввал ба шӯъбаи рӯзона дохил мекунанду баъдан ба шӯъбаи ғойибона гузаронида донишҷӯро мефиристанд ба  мардикорӣ кишвари Русия. Агар мақсад аз доштани шумораи зиёди макотиби олӣ тарбияву таълими насли наврас бошад, пас бояд иқрор шуд, ки ин дурри мақсуд ба даст наомадааст, бинобар ҳамин хуб мешуд ба ҷойи ин қадар донишкадаву донишгоҳ ҳамон ОКТ-и замони шӯравиро дубора эҳё мекарданд, ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ коргару мутахассиси соҳавӣ тайёр мекарданд.

Хулоса
Номзади илм, устоди Донишгоҳи миллӣ"Ҷ.З.", ки нахост номашро ошкор шавад мегӯяд: "Дар Русия ва дигар кишварҳои пешрафта ҷавонони босаводи 27-35 сола вазиру сарвазиру роҳбари давлат ҳастанд, вале дар кишвари мо вазирону кабирони 60 сола "мо ҳоло бақувват ҳастем", гуфта бо саводи кӯҳнаи замони пеш зимоми роҳбариро ба даст гирифтаанд дар фикри рафтан аз мансабу вазифа нестанд. На танҳо ба навҷавонон, балки ба насли миёна низ бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Шояд кадом рӯзе ҷавонон рӯи кор оянду дар қатори кӯҳнасолон мо насли миёнаро низ, аз арса берун созанд. Яъне потенсиали фикриву эҷодии як насл беистифода монд, гуфтан мумкин насли миёнсоли тоҷик дар замони зиндагиаш хизмате ба халқу Ватан накарда, аз байн меравад".
Дар иловаи суханони устоди Донишгоҳ гуфтанӣ ҳастам, ки насли миёнсол ҳатто барои таълим ва тарбияи фарзандони худ на танҳо шароити моддиву иҷтимоӣ, ҳамчунин имконияти моливу зеҳнӣ низ надоранд.

Акрами Санг{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)