Ҳушдори ҲСДТ аз сафҳаи қалбакии Зоиров дар Фейсбук
Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия аз кушода шудани саҳифаи қалбакӣ ба номи Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар медиҳад.
Сомонаи расмии ҲСДТ менависад, ки аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Facebook саҳифаи қалбакӣ бо ном ва аксҳои раҳбари ин ҳизби мухолиф, Раҳматилло. Зойиров кушода шудааст. Ба навиштаи сомона саҳифаи ҷадид моли “фабрикаи ҷавоб” аст ва ҲСДТ аз дӯстони виртуалии Р. Зойиров хоҳиш кардааст, то аз мукотаба бо ин шахси номаълум худдорӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз дӯстони виртуалии Раҳматилло Зойиров мегӯянд, Зоирови тақаллубӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, иттилоъ додаст, ки ин сафҳаи наваш аст ва даъват кардааст, сафҳаи қалбакиро лағв кунанд.
Қаблан ба номи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик низ дар шабакаи Facebook саҳифаи қалбакӣ кушода шуда буд. Аммо баъд аз пахши изҳороти Ҳамрохон Зарифӣ дар мавриди кушода шудани саҳифаи қалбакии ӯ дар Фейсбук, мудирияти ин шабака акаунти тақаллубии вазири тоҷикро баст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |