Бахшҳо
02 сен 2013 15:17Тоҷикистон / Сиёсат

КМИР: Муҳоҷирон ҳаққи имзо барои пешбарии номзадро надоранд

Ҳумайрои БАХТИЁР

Пешниҳоди номзад ба мансаби раёсатиҷумҳур дар Тоҷикистон аз 17-уми сентябр оғоз гардида, то 7-уми октябр идома хоҳад ёфт.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, тибқи қонунгузории кишвар 15 субъект- аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои касаба, созмони ҷавонони Тоҷикистон ва намояндагони маҷлисҳои маҳаллӣ ҳуқуқи пешниҳоди номзад ба курсии президентиро доранд.

Дар рафти баргузории ҷаласаи нахустин 15 аъзои КМИР бештар масоили корҳои омодагӣ, нақшаи чорабиниҳо, ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ ва муқаррар кардани теъдоди ҷамъоварии имзои номзадҳо ба мансаби президентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Яке аз масъалаи баҳсбарангези ҷаласаи КМИР ин муайян гардидани ҷамъоварии 5 дарсади имзо, ё худ беш аз 200 ҳазор имзо барои номзадҳо буд. Шермуҳаммади Шоҳиён бо дарназардошти эроди қаблии номзадҳо аз эҷоди монеаҳо дар ин самт гуфт: «То ин замон ба манотиқи кишвар сафарҳои корӣ анҷом дода, бо раисони ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, ки аз масъулони ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳо мебошанд, мулоқот анҷом додам. Зоҳиран дар ин интихобот мушкилоте ба монанди маҳдуд будани дастрасии аҳзоби мухолиф ба намояндагони расмӣ пеш нахоҳад омад. Дар сурати руй додани ин мушкилот, намояндагони аҳзоби мухолиф бояд ҳарчи зудтар моро огоҳ намоянд, то мушкилашон бартараф гардад.»

Дар робита Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди кишвар бештар аз 4 милион интихобкунанда, бо дарназардошти муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷавоби савол, ки оё муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳуқуқи пешниҳоди номзад ва ё имкони ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро доранд Абдуманнон Додоев, гуфт, на. Ӯ афзуд, ки муҳоҷирон ҳамзамон ҳуқуқи пешбарии номзадии худро надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ин муқаррароти КМИР хилофи қонунгузорӣ мебошад. Номбурда мегӯяд, ки вақте шаҳрвандони кишвар дар сафар қарор доранд, масъулин бояд тамоми шароитро барои ширкати онҳо дар интихобот фароҳам оваранд.

Раҳбари дастгоҳи КМИР, Абдуманнон Додоев ҳамчунин аз барзиёд инъикос гардидани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори нигаронӣ карда гуфт: «Дар аксар расонаҳои хабарӣ гуфта мешавад, ки гуиё дар ҳоли ҳозир якуним ва ё 2 милион шаҳрванди кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта бошад. Ин иттилои дақиқ нест. Мо бо мақомоти дахлдор ҳамкории хуб дорем. Тибқи иттилое, ки мо руйи даст дорем, дар ҳоли ҳозир 900 ҳазор шаҳрванди кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад», гуфт Абдуманнон Додоев.

Номбурда дар идома гуфт, ки дар асл аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мавсимӣ буда, бо фаро расидани фасли сармо дар Федератсияи Русия онҳо ба кишвар бармегарданд: «Аз ин хотир ба эҳтимоли зиёд дар моҳи ноябр берун аз кишвар мо 350-400 ҳазор интихобкунанда дошта бошем. Барои овоздиҳии онҳо мо ҳавзаҳои райъдиҳиро дар кишварҳои хориҷ ташкил хоҳем дод», илова намуд раҳбари дастгоҳи КМИР.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон КМИР мутобиқи таҷрибаҳои гузаштааш амал карда, ин навбат низ тавозунро миёни аҳзоб риоя нахоҳад кард. Дар робита ба суханони Шермуҳаммади Шоҳиён, Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки ваъдаҳои раиси КМИР бо дарназардошти мансубияти ҳизбӣ амалӣ нахоҳад шуд: “Бубинед, ҳамон раисони шаҳру ноҳияҳо низ аъзои ҲХДТ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки дар ин интихобот, онҳо талош хоҳанд кард, то манфиати номзад аз ҳизби ҳокимро пуштибонӣ кунанд, на ҳизбҳои дигар”.

Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки дар интихоботи президентии соли 2013 низ раисони шаҳру навоҳӣ барои мухолифин дастнорас буда, суханҳои Шермуҳаммади Шоҳиён ваъдабозие беш нест.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки тасмими КМИР барои маҳдуд кардани ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзад ба курсии президентӣ низ бе сабаб нест. Ба гуфтаи онҳо масъулин огоҳанд, ки дар ин авохир муҳоҷирон бештар аз вазъи худ нигаронӣ карда, ба эҳтимоли зиёд дар ин интихобот ҳар номзади дигарро тарафдорӣ хоҳанд кард, то ин ки номзад аз ҳизби ҳокимро.
Мӯҳр
Ман хамчун мухочир аз Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) мехостам бипурсам, ки вакте моро аз хакки имзо махрум кардед пас аз хакки овоздихи хам мачрух кунед. Тачрибаи чанд интихобот нишон дод, ки новобатса ба иштироки мо дар интихоботхо эълон мешавад ки дар шахрхои гуногуни Русия чанд хазор нафар ба тарафдории намояндаи хизби хоким овоз дода додаанд. Агар мо ба болои номзади ин хизб хам овоз дихем, вале мефамем, ки овози ба тарафдории он рафтааст. Вакте аз хакки имзо махрум кардед аз хакки овоз хам махрум кунед то аз овози мо касе суистифода накунад.

мухочирбачахои точик
Ба Файзиниссо Воҳидова и пешниходи худут дар сарконуни бобои Вохид мукаррар шудааст. Чува дар дигар положенихо моро истифода намекунен. Вазифа ки даркор шид мухочир. Шумо чи кор карда метонен ки овозтон бтем. ОВОЗ нест. НА ба ту ва на ба дигарон.
Мо афитсиална шеруфдай ё Думаи Точикистона менависем, ки мо дар овозтийи иштирок намекунем. Файзиапа мо 96 нафар дар як крайи Россия кор мекунем, кариб 60 касмон гражданстваи Россия дора. Мо ба интихоботи шумо чи кор дорем. Падару модаромона хукумати Эмомали нигох дора, басаймона.
Озодагон падвадит накун чоп кун ба апа браса.

Точик
Эй мухочирбачаи точик! Аввал ту бо забони ноби точики гап заданро ёд гиру баъдан навис! Фикр мекунам, ки аз точиконе, ки дар Русия хастанд, хамин шумохо беғам мебошед, хатто хаволаи модаратро ба Худо неву ба хукумати чаноби олиат кардаи.

tojik
Ман нафахмидм. Ин кмир мега теъдоди мухочирон 900 хазорай. У Абдуллои кодири аз куиитаи мухочират мега 700 хазорай. Бокимондаи 200 хазор разнитсаша хатман ба ягон кумитаи дигара мондагиян да.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)