Мансабдорони тоҷик барои кишвар обрӯ меоранд, ё онро мерезонанд?
Боз мақомоти тоҷик сӯҳбатро дар бораи имиҷ оғоз карданд. Аниқтараш дар бораи имиҷи Тоҷикистон. Ин мавзӯи наве нест. Дар доираҳои коршиносӣ дар ин бора зиёд мегуфтанд. Ҳукумат танҳо дар соли 2009 гӯё тасмимҳое дар ин бора гирифт. Хуб дар хотир дорам, ки миёнаҳои моҳи августи ҳамон сол ҳатто тасмимҳое гирифта буданд, ки барои тақвияти имиҷи кишвар мебоист ниҳоди вижае низ таъсис медоданд. Пас аз ин Зафар Саидов, мушовири президент андешаҳоеро низ дар матбуот навишт. Вале чун аксари тасмимҳои ҳукумат иқдоми имиҷсозии ҳукумат низ ба зудӣ фаромӯш шуд. Ҳарчанд имиҷи давлат ин бор ба маънии имиҷи ҳукумат низ бояд фаҳмида мешуд.
Бори дигар мавзӯи имиҷи Тоҷикистонро ҳамин чанд рӯз пеш Сӯҳроб Шарифов дар миён гузошт. Стратеги №1 замоне дар ин бора сухан оғоз кард, ки агар дар шабакаҳои ҷустуҷӯии интернет номи Тоҷикистонро менавиштем, он бо як хабар ифтитоҳ меёфт: Урунбой Усмоновро раҳо кунед!
Дар ин сурат саволи мантиқие пайдо мешавад, оё пас аз ин ҳама дар бораи имиҷ сӯҳбат кардани директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президент бо дермонӣ сурат нагирифтааст? Оё то куҷо ин изҳори назарро стратегӣ пиндоштан дуруст аст? Агар он стратегӣ мебуд, чаро барвақт гуфта нашуд, то обрӯи кишвар то ин ҳад поин наравад?
Бо ҳамин, ба назар чунин менамояд, ки дар бисёри ҳолатҳо ҳукумати Тоҷикистон дар бораи имиҷи худ фикр намекунад ва мақомоташ амалкарду бархӯрдҳое доранд, ки гӯё дар масъалаи "имиҷғалтонӣ" мусобиқае оғоз шудааст: кӣ бештар ва кӣ ҷиддитар?
Чанд сол пеш як хабарнигори хеле ҷабрдида дар матбуот навишт, ки аз ҳамаи бархӯрдҳои ҳукумат нисбати ӯ сарфи назар мекунад. Зеро имкон дорад бо ин фаҳмишҳои примитивии масъулин, агар ҳамаи фишорҳову таъзиқҳоро нависаду гӯяд, обрӯи кишвар латма мебинад. Бубинед, як нафаре, ки сад ҷабр дошт, пеш аз ҳама дар бораи имиҷи кишвар фикр мекард ва азобу уқубати зиёдро таҳаммул менамуд. Вале мақомоти тоҷик, ки "дасти дароз" ва имконоти фарохе доранд, кай дидед, ки як кор барои боло бурдани имиҷи кишвар, ки аз ҳисоби он сарвату дороии зиёд ҷамъ овардаанд, талош намуда бошанд?
Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи мо боре дар як сӯҳбати матбуотиаш ошкор гуфт: ба Худо қасам, ман вақте хабарҳоеро мешунавам, ки вазирони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии худ мулоқот кардаанд, пеш аз ҳама дар ин бора фикр мекунам: онҳо дар ин сӯҳбатҳо чӣ гуфтаанд? Нашавад, ки дар ин мулоқотҳо давлати моро шарманда карда бошанд?
Агар ҷиддитар нигоҳ кунем, ба вазирони тоҷик на танҳо берун аз ҳукумат ва хориҷ аз кишвар, балки дар дохили ҳукумат ҳам бовар надоранд. Магар дар кадом ҷаласаи ҳукумат, хоса ҷаласаҳои солона шунидаед, ки кадом вазир як ҳарфи мансабдорона гуфта бошад? Президент худаш савол мегузорад, худаш посух медиҳад, худаш масъала мегузорад, ва худаш роҳи ҳал пешниҳод мекунад.
Хулоса ба саволҳои сершумори мо боз ҳам як пурсиш, вале асоситарин илова мешавад:
Ин мансабдорон имиҷ месозанд, ё онро мерезонанд?
Азизи Нақибзод{jathumbnail off}
Мӯҳр