Тағйироти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва додситонӣ
Яранмурод, Язмуродов, додситони кулли Туркманистон барои ноуҳдабароӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир намудан дар рафти иҷрои вазифа аз симаташ барканор шуд.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Язмуродов зимни ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти миллии Туркманистон бо дастури Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар сабукдӯш шудааст. Ба гуфтаи Бурдимуҳаммадов, додситони кулли Туркманистон дар нақзи низому тартибот дар мақомоти додситонӣ муттаҳам мешавад.
Яранмурод Язмуродов моҳи июни соли 2011 додситони кулли Туркманистон таъйин шуда, то ин дам курсии раиси Суди олии ин кишварро дар ихтиёр дошт.
Инчунин дар рафти ҷаласаи мазкур раисиҷумҳури Туркманистон як қатор додситон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи туркман, аз ҷумла Баймурод Алтиев, муовини вазири амнияти миллии ин кишварро барканор кард.
Бо фармони дигари Бердимуҳаммадов, Аманмурод Халлиев додситони кулли Туркманистон таъйин гардид. Халиев то кунун раҳбарии Суди олии ин кишварро бар ӯҳда дошта, ӯро дар ин симат Бегенч Чориев, иҷрокунандаи вазири адлияи Туркманистон иваз намуд. Бердимуҳаммадов ба курсии вазирӣ дар мақомоти адлия Бегмурад Мухаммедов, ки қаблан вазифаи муовиниро дар ин симат бардӯш дошт, интихоб кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |