Коммунистҳо номзадашонро ба президентӣ 23-юми сентябр эълон мекунанд
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 23-юми август дар қароргоҳаш дар Душанбе анҷумани 30-юми ғайринавбатиро ба нақша гирифтааст.
Тавре Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар ҷаласа масъалаи ширкати ҳизб дар интихоботи президентӣ баррасӣ шуда, аз ҷумла чанд номзад матраҳ хоҳанд гардид. Аммо ӯ аз бурдани номи номзадҳои эҳтимолӣ худдорӣ намуд.
Талбаков таъкид кард, ки бо Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки аҳзоби мухолифи дигарро дар бар мегирад, намепайванданд, чун дар меъёр ва принсипҳо бо ин аҳзоб мухолифат доранд. Ӯ афзуд, ки дар ҳоле коммунистҳо бештар ба моликияти давлатию иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, аҳзоби дигар бештар ба моликияти шахсӣ майл доранд.
Ин аст, ки ба гуфтаи Талбаков ҲКТ ҳатто наметавонад бо Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ пайваст шавад.
Ахиран парлумони Тоҷикистон санаи интихоботи президентиро 6-уми ноябр, дар Рӯзи Сарқонун таъин намуд. Аҳзоби мухолиф то ҳол номзади ягонаеро дар ин сабқат эълон накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |