Дави 3 ҳазор километрӣ аз Душанбе то Андиҷону Урумчӣ
Аз 5 то 24-уми сентябри соли равон Дави умумиҷаҳонии машъалӣ -2013 дар масофаи 3000 километр тавассути хатсайри Душанбе-Андиҷон-Бишкек-Алмаато-Урумчӣ доир мегардад.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дави мазкур рӯзи 5-уми сентябр, соати 8.00 аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, 24-уми сентябр дар Урумчии Хитой ҷамъбаст мегардад. Манбаъ гуфт, барои ширкат дар ин мусобиқа дар назар аст 25 нафар варзишгар аз хориҷи кишвар ба Душанбе биоянд: «Соли гузашта тақрибан 15 нафар варзишгарони мо дар ин гуна дав иштирок намуда буданд. Дар дави имсола ҳоло маълум нест, ки кадоме аз варзишгарони Тоҷикистон ширкат меварзанд.”
Манбаъ инчунин афзуд, ки эҳтимол варзишгарони тоҷик то охири масир давида натавонанд.
Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, маросими кушодашавии ин дав дар ҳудуди Тоҷикистон аз майдони дӯстии Душанбе шаҳр оғоз гардида, ҳаракати иштирокчиён ба самти ноҳияи Варзоб, ҷамоати Такоб ва ағбаи Анзоб, ноҳияи Айнӣ (5 сентябр), Шаҳристон, Истаравшан (6 сентябр), Хуҷанд, Спитамен, гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (7 сентябр) сурат мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз ташкили чунин намуди варзиш рушди ҳамкориҳои дӯстона миёни кишварҳо ва саломатии шаҳрвандон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |