Раҳмон ба Каримов: Мо омодаи гуфтугӯи сиёсӣ дар ҳама соҳаҳо ҳастем
Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон унвонии ҳамтои узбакаш Ислом Каримов барқияи шодбошӣ фиристодааст.
Дар ин барқия, ки матни онро торнамои президенти кишвар нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: «Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимии хешро ба Шумо ирсол медорам.
Тоҷикистон ҷонибдори корҳои наҷиби таҳкимбахшандаи муносиботи дӯстӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон, ки решаи таърихӣ доранд, мебошад.
Мо омодаи гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комил намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷуҳи ҳарду ҷонибанд, ҳастем.
Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбӣ, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |