Президент дар Рӯзи дониш лентаи бинои нави ДТТ-ро бурид
Имрӯз, 1-уми сентябр дар Тоҷикистон соли нави хониш оғоз шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳур дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт бинои нави факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро ифтитоҳ карда, дар тантанаҳои оғози соли нави хониш иштирок намуд.
Ин бино бо харҷи беш аз 38 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 70 синфхона, аз ҷумла 22 синфхонаи озмоишӣ ва 2 устохонаи бузург мебошад ва барои 4 ҳазор донишҷӯ дар якуним баст пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои торнамои президент Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири бино шинос шуда, барои беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва сифати таълиму тарбияи бинокорону меъморони ояндаи ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас додааст.
Гуфта мешавад, ки дар маҳаллаи Ҳаёти нави пойтахт барои пурра ба ҳамин ҷо кӯчондани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ 30 га замин ҷудо шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, дар ҳудуди барои ин мақсад пешбинишуда сохтмони тамоми биною иншооти дигар, хусусан хонаҳои истиқоматӣ манъ гардида, барои лоиҳасозӣ ва сохтмони биноҳои дигари донишгоҳ чораҳо андешида шаванд.
Дар толори бузурги факултаи сохтмон ва меъморӣ, райисҷумҳур дар ҳузури наздики 2 ҳазор устодону донишҷӯён аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва ҳам масъулини ҷумҳуриявии дахлдор ба муносибати Рӯзи дониш суханронӣ кард. Ҷараёни суханронии президент ва тантанаҳои Рӯзи донишро тавассути телемост ва пахши мустақими шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |