Президент: “Дар Қирғизистон мутаасифона оппозитсияи арзанда нест”
Дар Қирғизистон мутаасифона мухолифи арзанда нест. Мо онро таъсис медиҳем. Ин нуктаро Алмосбек Отамбоев, райисиҷумҳури Қирғизистон зимни як гуфтугӯ дар шабакаи телевизионии "Мир" изҳор доштааст.
Ба гуфтаи президент, нафаре омада талаб кардааст, ки "ӯро вазир ё нахуствазир таъин кунанд. Ба вай вазифаи ректор ё сафирро пешниҳод кардаанд, аммо гуфтааст барояш курсии вазир ё нахуствазир лозим аст, вагарна ба мухолифин мепайвандад. Ба мо чунин вазир чӣ лозим? Ӯ барои он курсӣ мегирад, ки дуздӣ кунад. Бигзор мухолиф шавад".
Отамбоев гуфтааст, онҳо мақсад гузоштаанд, ки дар интихоботи ояндаи парлумонӣ 4-5 ҳизби неруманд таъсис ёбад. "Дуруст аст ки барои мақомот бо як ҳизб кор кардан осонтар аст, аммо беҳтар мешавад барои ҳифзи роҳи демократия дар Қирғизистон якчанд ҳизб дар ҳукумат бошад",- афзудааст президент.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |