Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо “Энергетик” вориди рақобат мешавад
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон 2-юми сентябр бо дастаи “Энергетик”-и Душанбе бозӣ мекунад.
Ин дидор дар чорчуби омодагиҳо ба бозиҳои интихобии Осиё миёни наврасон (U-16) баргузор мешавад. Рӯзи ҷумъаи 30-юми август дар доираи ин омодагиҳо тими мунтахаби наврасони кишвар дар варзишгоҳи “Авиатор” бо ҳайати асосии клуби “Регар-ТадАЗ” қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Зимнан, имрӯз, 31-уми август тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кард ва бо ҳисоби 1:5 мағлуб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |