“Бавария” барои аввалин маротиба Абарҷоми УЕФА-ро соҳиб шуд
Клуби "Бавария"-и Мюнхен Абарҷом ё Суперҷоми УЕФА-ро ба худ ихтисос дод.
Дар қисмати финалӣ, ки шоми рӯзи 30-юми август дар Прага баргузор шуд, "Бавария" тими "Челси"-и Лондонро мағлуб кард.
Вақти асосии бозӣ мусовӣ: 1:1 анҷом ёфт. Голи нахустинро дар дақиқаи ҳаштум Фернандо Торрес, бозигари "Челси" зад. Дар дақиқаи 47-ум бошад, Франк Рибери ҳисобро баробар сохт.
Дар вақти иловагӣ низ дастаҳо ба дарвозаи ҳариф як голӣ ворид карданд. Эден Азар ва Хави Мартинес муаллифи ин голҳоянд.
Тақдири бозиро силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра ҳал кард: 5:4 ба фоидаи "Бавария".
"Бавария" якумин маротиба ба Абарҷоми УЕФА соҳиб шуд. Гузашта аз ин ин якумин тими Олмон аст, ки ин ҷоизаро гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |