Шоҳиён гуфт, мушкили дастрасӣ ба руасои шаҳру ноҳияҳо бартараф мешавад

Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР), ки таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён алъон идома дорад, аъзои комиссия бештар масоили нақшавии интихоботро баррасӣ доранд.
Дар ҷаласа узви комиссия ва намояндаи ҲНИТ Ҷамолиддин Маҳмудов мушкили дастрасии намояндаҳои аҳзоби мухолифро ба раисони ноҳияву шаҳрҳои кишвар ба баррасӣ гузошт. Дар робита Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, албатта чунин шикоят аз тарафи аҳзоби мухолиф дар интихоботи гузашта низ зиёд буд ва ин навбат барои бартараф кардани он ба тамоми манотиқи кишвар сафарҳои корӣ анҷом дода, бо раисони ноҳияву шаҳрҳо мулоқот анҷом додааст. Шермуҳаммади Шоҳиён афзуд, “дар суҳбат бо руасои минтақаҳо мушкили мазкурро матраҳ карда, тибки интизорот ин дафъа набояд он пеш ояд”.
Шоҳиён гуфт, дар сурати пеш омадани чунин мушкил намояндаҳои аҳзоби мухолифро лозим аст, дар зудтарин фурсат ба КМИР шикоят намоянд.
Ҷаноби Шоҳиён ҳамчунин дар робита ба ҷамъоварии имзои шаҳрвандоне, ки сину солашон ба раъйдиҳӣ расидааст, гуфт, “он танҳо барои шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар қаламрави кишвар қарор доранд”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои расмӣ ҳудуди 800 ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷират қарор доранд. Оморҳои ғайрирасмӣ ин теъдодро зиёда аз як миллион мегӯянд.
Рӯзи гузашта дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи баргузории интихоботи президентӣ 6-уми ноябри соли 2013 таъин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |