Даъвои зиёиён алайҳи Олга Тутубалинаро 3-юми сентябр аз нав месанҷанд

3-юми сентябри соли равон дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвои намояндаҳои зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия Плюс" аз сари нав санҷида мешавад.
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар мулоқоти навбатӣ ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла камбудиҳои дар аризаи ҷониби даъвогар ҷойдошта ва ваколатномаҳо бори дигар баррасӣ хоҳанд шуд. Мусоҳиби мо иброз дошт, ки баъди дида баромадани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо мурофиаи додгоҳии зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина, ки рӯзи 13-уми сентябр таъин шудааст, баргузор хоҳад шуд.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муайян намудааст, ки дар даъво ва асноди пешниҳодкардаи зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина, на ҳамаи камбудиҳои қаблан ошкоршуда ислоҳ гардидаанд.
Шуҳрат Қудратов мегӯяд, зимни мулоқоти ахири ҷонибҳо, ки 27-уми август доир шуд, муайян гардид, ки ҷониби даъвогар на ҳамаи камбудиҳои аризаи даъвогияшонро ислоҳ кардаанд: «Дар рафти мурофиаи гузашта ба мо маълум гардид, ки ҷониби даъвогар қисми ваколатномаҳое, ки ба Рустам Устобоев, намояндаашон дар додгоҳ пешниҳод кардаанд ба қонун мутобиқат намекунад. Ба ҷуз ин иддаои зиёиён камбудиҳои зиёди дигаре доштанд”.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми август ба намояндагони зиёиёни тоҷик муҳлат дода буд то камбудиҳои даъвояшонро алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" ислоҳ кунанд. Аз он пештар додгоҳи иқтисодии Душанбе аризаи даъвогии зиёиёни тоҷикро ба хотири камбудияш, ки бо забони русӣ навишта шуда буд, рад намуд.
Мавриди тазаккур аст, ки панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |