Туркманистон ба таҳсили 12 сола шурӯъ мекунад
Туркманистон шуруъ аз имсол ба низоми 12 солаи таълим дар макотиби миёна мегузарад.
Акнун сини ба мактаб ҷалб шудани хонандаҳо аз шаш оғоз мешавад. Аз ин рӯ дар соли нави хониш ба мактабҳои Туркманистон ҳам онҳое меоянд, ки ҳафтсолаанд ва ҳам онҳое, ки шаш сол доранд. Онҳо тибқи барномаҳои мухталиф таълим мегиранд. Шашсолаҳо 12 сол ва ҳафтсолаҳо 11 сол пушти партаи мактаб хоҳанд шишт.
Аз қабл ҳамаи хонандаҳои синфи як ба мактабҳо даъват шудаанд, то бо мактаб ва муаллимон шинос шаванд. Онҳо аз санҷиши сатҳи омодагӣ ба мактаб ва дараҷаи рушд гузаштаанд. Ба кадом синф гузаштани онҳо якуми сентябр маълум мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |