Бархе расонаҳо бо такя ба мусоҳибаи Ҷон Миллард, қумондони пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Қирғизистон ба шабакаи телевизионии Pentagon Channel-и Амрико навиштанд, ки ИМА баъди хатми қарордод бо “Манас”-и Қирғизистон пойгоҳи ҳарбияшро ба дигар кишвари Осиёи Марказӣ мекучонад. Коршиносон ҳадс задаанд, ки эҳтимол Амрико Актау ё Шимкенти Қазоқистон, Тирмизи Узбакистон ва ё Кӯлоби Тоҷикистонро мавриди назар дорад. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: Эҳтимоли мустақар шудани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?