Бахшҳо

Тағйирот

Халил Қаюмзод

Дуруд хонандаи арҷманд!

Ин навбат дар бораи ... як дидгоҳи хосе менависам.

Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард:

1 – Гурӯҳи аввал, ҷонибдорони ҳукумати рӯз. Онҳое, ки аз раисҷумҳури кунунии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ пуштибонӣ мекунанд. Ин гурӯҳ боз ба чандин зергурӯҳҳо тақсим мешавад: а) Онҳое, ки аз зиндагӣ ва шарту шароити имрӯза қонеъанд. б) Онҳое, ки аз дигаргунӣ метарсанд. в) Онҳое, ки бе ин ҳукумат ҳастии худро аз даст медиҳанд. Яъне ҳама бойигариву шароите, ки доранд, бе мушкил ба даст овардаанд ва ҳарос доранд аз он, ки ҳукумати нав онҳоро аз ин дастовардҳо ва муфтхӯриҳо маҳрум месозад. Ин ҷо дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон чизе наменависам...

2 – Гурӯҳи дуввум, ҷонибдорони тағйирот бо роҳи инқилоб. Аслан вожаи инқилоб худ ягон бадӣ надорад. Аммо мардуми мо аз ин вожа ҳарос доранд, фикр мекунанд, ки инқилоб, яъне ҷанг, ҷанги шаҳрвандӣ. Хуб, биёед ҳамин тавре, ки ҷомеа қабул кардааст аз он истифода кунем. Пас кӣ метавонад инқилоб кунад дар Тоҷикистон? Ба ҷуз онҳое, ки аз ҳукумат сахт ранҷидаанд дигар касе инқилоб нахоҳад кард. Чун ба гуфти Файзинисо Воҳидова: “дар рагҳои мардуми мо ба ҷои хун тарс гардиш мекунад.” Аммо тарс ҳам андоза дорад. Ба гуфти роҳбари гурӯҳи оппозитсионии “Ватандор”, Додоҷони Атовулло: “барфи бало болои боми ҳар сокини Тоҷикистон рехтааст”.

Кӣ аз ҳукумат ранҷидааст? Қариб, ки аксари аҳолии Тоҷикистон. Чун аҳолӣ аз бебарқӣ, бемаорифӣ, бекорӣ, бенизомӣ, беадолатӣ хаста ва дилгир шудааст, аммо ба назар мерасад ҳанӯз ба андозаи сахт наранҷидааст. Кӣ сахт ранҷидааст, кӣ метавонад набахшад? Пайвандони Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Лангарӣ Лангариев, Алии Бедакӣ, Мирзо Зиёев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Имомназар Имомназаров... Тамом, дигар касе не? Яъне, агар ҳукумат бираваду хешовандони онҳоро дастгир карда ба зиндон партояд, масъалаи инқилоб ҳал? Не, албатта. Чунки ҳар як фарди ҷомеаи имрӯз бо чандин нафари дигар алоқаву робита дорад. Ва ин алоқаву робитаву пайвастагиҳо метавонанд як гурӯҳи калон ва ё як ҳукуматро ташкил кунанд.

3 – Гурӯҳи саввум, ҷонибдорони интихоботи шаффоф ва бо роҳи қонунӣ иваз кардани ҳукумат. Бисёриҳо бовар намекунанд, ки дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ метавонад шаффоф гузарад. Яъне онҳо пешакӣ худро мағлубшуда мешуморанд. Албатта ин кори хуб нест. Чун Тоҷикистон ватани шумо ҳам ҳаст ва шумо ҳақ доред аз ҳар ҳукумате, ки рӯи кор бошад, талаби риоя шудани раъй ва ҳуқуқҳоятонро бикунед.

P.S. Э, биё бас кун, Халил. Сар кун, акаи Зафарча: “Хоҷа, бигӯ, ки ман манам, ман на манам, на ман манам”. Маст шав, бача.

P.P.S. Ба фикрам, аз ин пас, болои навиштани матлабҳои сиёсӣ нуқта мегузорам. Худо нигаҳбонатон, хонандаҳои гиромӣ!
Мӯҳр
Хикмат
Акаи Халил хамин афтатро як бор дар оина нигох кун, барои худат як мавзуи хубе меёби, локин бодиккат нигох кун. Шуморо барои хамин хел маколахо навистанатон изо дода буданд шумо ё бесаводи бесавод хастед ё намедонам дигар... камтар каллатро кор фармо мавзухои чолиби диккат бисёр хастанд.

Расул
болои навиштахои сиеси нукта гузоштанат , магар аз ноумеди аст?

Халил, ҷони гапро гуфтӣ!
Мо ташнаи чунин мақолаҳо ва дуогӯят ҳастем! Зиндаву поянда бошиӣ!!!

Иброҳим
Халилҷони қанд, назарат низ мисли худат воқеан зебост, ҳақиқитро аҷоиб ҷой ба ҷой карди, худованд шуморо аз чашми тоҷикбадбинҳо ҳифз намояд!

Ziba
This a best article all true

бовар кунед ин сатрхоро акли у намегирад боз хамон падару тагояш додочон ин гапхоро мебофанд бинед гурухи дуюм бофтаи у чинояткоронро мисол оварда тафрика меандозад боз хамон мардуми чафокашидаи рашту кулобро амният ахмият дихед ин нафаро чияни додочонро

Маколаи чолиб. Рахмат мардона навиштед. Хонда хурсанд шудам. аммо лагандбардорон коментироват мекунанд, мехонию настроений мепарад аз фикри оне, ки мардуми точики ман то чи дарача бесаводанд, ё баракс савод доранду боз лагандбардориву, хушомадгуи ботилро хакикат мешуморанд!!! Мардуми точик вакти он омад, ки аз хоби гарон хезем, вагарна дер мемонем.. Танурро дар гармияш нонро мечаспонанд! саломат боши мардуми азиз!!

Бра ких ку. Худут кийи ки акаи мара гав мезани?

Цитата: Хикмат
ша

Дигар мо ба галстуки сахт баставу ришхои тоза тарошида одат кардем, ин аст аз фахмиши мо афти дуруст. Ба аксари мардуми Точикистон назар афканед хама чун Халил озод дар интихоби либосу сару суратанд. ЧУн Халил масъалахои догро сохибкасбона бахс мекунад ба Хикмат ва мисли у нафарон намефорад. Бародари канд, Хикмат! Ту суратро не сиратро назар кун, шояд ягон чи фахми. Саломат бош, узр мепурсам агар суханони ман озурдаи хотири ту шуда бошанд. Чун ту нисбати дигар кас суханони ноарзанда раво диди ман суханони арзандаро нисбати ту раво дидам.
Канд зан Халилчон! Чони гапа гуфти! Дар гурухи сахт ранчидагон - фиребхурдагони ин режим хам хастанд. Дигар хамаааш дурустанд.

Донишчу
Боз як харзагуи дигар дар кучаи сухан.

Az komentho ma'lum, ki guruhi yakumi shumo navishtagi sakt norohat shudand. Shoyad tablarzae ham vujudashonro faro girifta boshad.

Хусрави Понгози,

Понғози ғайри калимаи лаганбардорӣ дигар гап надори а?
Гап сари лаганбардорӣ намеравад. Гап сари ваҳдат, тенҷӣ, якдигарфаҳмӣ ва оромии Тоҷикистон рафтос. Ту дар ким куҷо шишта гап мезани. Мард бошед биёед ватана обод кунед. Куҷо аз ҳаво гап мезанед. Давулатдори осон нест. Воҳима накунетон дар 10, 20 сол ватан обод намшуд. Ақлатон ҳай ми ё не. Кишвар баъд аз 30-40-50 сол обод мешавад. То кай таги хоҷаҳои худатона тоза карда мегардетон.
Майлаш хорошо. Фикр кунед ки ҳукумат рафт. Баъд чи? Кабири ё Зоиров дар 3-5 сол ҳамаи моро соҳиби ҷои кор, соҳиби пул, хона мекунад ми? Не ҷура ақлата ба кор фармо. Кабири Тоҷикистоона ба Эрон ва Зоиров ба Узбакистон ва ё Россия мефурушад. Қирғизистона бин. Айнан ба мисли мо иқтисодиёт дорад. Баъд аз Акаев чи шуд а? Руз ба руз ҷазир шудос. Ҳар сол дар ин кишвар табодулот аст. ИН разе давлатдори аст. Барои ҳамин понғозӣ гапи ҳавои назан. Рафта кората кун гаштан гир. Сиёсатмадор набоши рафта кори худата кун. Аз рафтану омадани ҳукумати нав ба ману ту ҳеҷ фоида нест.
Саломат бошед.

Раштӣ
Ба карим. Рафтос омадос-ро як сӯ гузору бо забони ноби точикӣ навис. Инҷо куча нест. Ё ту хам аз ҳамон гурӯҳи манфиатдорони хукуматӣ, ки аз сари эҳсос, шудОС кардОС дорӣ? Ақлатон ҲАЙ МӢ?
Муаллиф хуб навиштааст. Бисёр мақолаи ҷолиб.

киром,
Шумо сиёсатмадор?? шумо мухандиси ояндабини Точикистон? пояи(фундаменти) рушдро, ки кач монда истодаем бо шумо барин доною сиёсатдонхо, вой бар холи ояндаи рушду вахдати мо! Хишти аввал чун нихад меъмор кач, то охираш меравад девор кач!! боз ман шукр мекунам, ки вахдату тинчист, лек ба гайр аз ин фикри ояндаро низ кард!! ояндаи рушд, ояндаи демократияи хакики! ояндаи зиндагии хуши мардуми точик.. барои ман чи лозим вахдате, тинчие, ки зиёда аз нисфи хаёти мардуми точик дар сарсони, дур аз аз зану фарзанд, дур аз падару модар дур аз ватан! э биё хайфи сухан! шиками сер чи парвои шиками гурусна дорад! боз мегуянд, ки Суханро бар касе гуй, ки расад бар кадри гуфторат...

Хафиз Холикзода
Мухтарам Халил Каюмзод!

Маколаи хуб навиштаи. Мавриди тахсин аст. Бардоштхоят аз чомеаи точик бисёр дуруст хастанд. Орзумандам, новобаста ба накду накухиши дигарон аз рохи тахлил барнамегарди. Ягона рохи начоти мо аз вазъияти баамаломада хар чи бештар шудани олимону пажухишгарон аст, на сиёсатмадорон. Боки, саломат ва комёб бош.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)