Боздошти дипломати қазоқ барои қочоқи тамокӯ дар Олмон
Аҳад Алписбаев, консули генералии Қазоқистон дар Олмон дар қочоқи тамокӯ муттаҳам мешавад.
Нашрияи олмонии “Bild” менависад, Аҳад Алписбаев шоми 29-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Фарангфурти Олмон боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, Алписбаевро дар созмондиҳии интиқоли тамокӯ бидуни пардохти андоз айбдор мекунанд.
Инчунин нашрияи олмонӣ афзудааст, ки Адиров, ёвари консули Қазоқистон низ дар робита ба ин қазия боздошт шудааст. Ба навиштаи Bild кормандони гумрук тули чанд ҳафта шудааст, парвандаи дипломати қазоқро тафтиш карда, танҳо рӯзи 29-уми август барои боздошти ӯ иҷоза додаанд.
Гуфта мешавад, ҳоло мақомоти додситонӣ ва гумруки Олмон аз додани тавзеҳот дар робита ба ин гуруҳи қочоқчиён худдорӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |