“Садое аз хилват”-и Умар Сафар нашр шуд
Садое аз хилват. Бо ҳамин унвон ахиран нашриёти “Бухоро” повести Умар Сафарро нашр кард.
Ин маҷмӯа аз саргузашти инсонҳое нақл мекунад, ки дар паҳндаште бо номи Ҷаҳон равандаанд. Дар ин равандагист, ки мазоҳири тозае аз ҷаҳони дигар, ҷаҳони Инсон пешорӯяшон боз мегардад. Паймоиши ин паҳндашт душвор аст, вале шӯълаи фурузони умед аст, ки водорашон мекунад, то ранҷҳои сафарро нодида бигиранд.
Сарсухани китоб ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мутаалиқ аст. Ӯ менависад: “Садое аз хилват” моро ба доруссаломи дили Инсон даъват мекунад, ба хилватсарои номакшуфе, ки розҳову овозҳову эъҷозҳо зиндагонии ҷовидон доранд”. Ба таъкиди шоира Фарзона “мавзӯи биниши адиби равоншиносу ҷаҳоншинос Умар Сафар ҳамин нуктаи кучактарину бузургтарин аст: Ҷаҳону Инсон”.
Профессор Умар Сафар мудири кафедраи “Забони форсӣ” дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар гузашта курсии декани ҳамин факултаро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |