“Форс”: Ташдиди таҳрим, эрониёнро таслим намекунад
Муассисаи амнияти режими саҳюнистӣ гузориши муфассалеро ба вазъияти муқобила бо Эрон бо таҳримҳои байналмилалӣ ихтисос дода, ки нишон медиҳад Эрон ҳатто дар баробари аз даст додани 70% даромади нафтии худ, низ тавони муқовимат дорад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, муассисаи амнияти режими саҳюнистӣ дар гузориши тафсилӣ ба қалами Ифрат Муша, раиси собиқи бахши иттилооти иқтисодии артиши Исроил, ба баррасии мизони таъсири таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон пардохта ва навишт: гузоришҳое, ки ба суи Исроил ва ҷаҳони Ғарб ҷарён дорад, ҳама ҳикоят аз навъе фоҷиъа дар иқтисоди Эрон доранд, оё ин гузоришҳо бо нигоҳи роҳбурди-иқтисодӣ танзим шуда аст? Оё иттилооти мазбури тасвире воқеӣ ва мутавозин аз шароит ироъа мекунанд?
Таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон дар соли 2012 ба шиддат афзоиш ёфтанд ва ба бойкоти банкҳои эронӣ, масдуд кардани дороиҳои бонки марказии Эрон, қатъи воридоти нафти Эрон ва ҳамчунин колоҳои петрушимиёӣ буда аст. Чунин таҳримҳое гомҳои тунд буда ва метавонад барои бештари кишварҳо ранҷи иқтисодии фаровоне дар пай дошта бошанд, ки ҳатто метавонад ба нооромии иҷтимоъӣ анҷомида ва зарфияти қавӣ эҷод кунанд то ҳукумат, сиёсатҳои худро тағйир диҳад.
Дар асари ин таҳримҳо, таваррум дар Эрон ба 40% расида, даромадҳои нафтӣ 30% суқут карда, саноати мошинсозие, ки ба шиддат вобаста ба воридоти хориҷӣ буд, зарба хурда ва воҳидҳои пули Эрон низ ҳадиақал 80% аз арзиши худро аз даст дода аст. Ҳамчунин ҳадиақал 500 ҳазор нафар шуғли худро дар Эрон аз даст додаанд ва бекорӣ ба 70% афзоиш ёфта аст.
Пас аз тарҳи ин масоил, нависанда ин саволро матраҳ мекунад, ки давлати Эрон акнун чи гуна мехоҳад бо чунин мушкилоте дасту панҷа нарм кунад?
Муша дар посух ба ин савол идома медиҳад, таҳлили додаҳои мавҷуд тасвире пичидатаре ироъа мекунад. Ба рағми нишондиҳандаҳои манфии зиёде дар иқтисоди Эрон ва бо вуҷуди пешбиниҳои марбута ба коҳиши арзиши воҳиди пули ин кишвбар, рушди бозори бурс дар Эрон дар соли 2012 бо нархи беш аз 15% афзоиш ёфт ва дар январ, то июн 2013 ба 22% расид. Илова бар ин бо вуҷуди коҳиши арзиши риёл, бахши сохту соз ва мушовираи милк на танҳо беҳбуд ёфт, балки бо рушди шадиди қиматҳоо мувоҷиҳ шуд. Илова бар он, дар натиҷаи таҳримҳои ҷорӣ шуда ва коҳиши воридоти, бархе саноати Эрон тавонистанд худро зинда кунанд ва бахше аз бозори дохилиро ба даст бигиранд.
Муасисаи амнияти режими саҳюнистӣ дар бахши дигаре аз гузориши худ меафзояд касоне, ки сиёсати ҳастаии Эронро тарроҳӣ кардаанд, тавассути 3 воқеияти асосӣ ҳимоят мешаванд:
1- Эрон байни солҳои 2007 то 2012, бо таваҷҷуҳ ба қимати болои нафт, аз содироти ин моддаи хом 500 милиард доллар даромад дошта аст. Ин дар ҳоле аст, ки кулли даромади Эрон дар 6 сол қабл аз содироти нафтӣ 185 милиард доллар буда аст. Ин даромад ба Эрон иҷоза медиҳад, ки сиёсатҳои пурҳазинае дар пеш бигирад.
2- Дарҳоле, ки даромадҳои нафтӣ 60% аз даромадҳои хориҷӣ ва 60% содироти Эронро ташкил медиҳанд, аммо саҳми онҳо дар тавлиди нохолиси миллӣ танҳо 105 аст.
3- Бахши умдаи тиҷорати Эрон бо кишварҳои осиёӣ ва шарқи дур анҷом мешавад. Танҳо 20% аз тиҷорат бо Ғарб ва кишварҳои баромада аз фурупошии Иттиҳоди шуварӣ сурат мегирад.
Агарчи сандуқи байналмилалии пул дар гузориш 20 май 2013 аз коҳиши 1.6 дарсадии тавлиди нохолиси милии Эрон дар солҳои 2012 ва 2013 сухан гуфта аст, аммо Эрон дорои як изофатар аз 25 милиард долларӣ аст, ки метавонад дар соли 2014 мавриди истифода қарор гирад. Илова бар ин бо вуҷуди таҳримҳои сахти иқтисодӣ, Эрон дар авохири соли 2013 ва аввалҳои 2014, ҳануз 79 милиард доллар захира ба сурати арз ва тилло дар ихтиёр хоҳад дошт.
Аз суи дигар дар аввалҳои соли 2013, ҳукумати Эрон даст ба иқдомоте зад то стандардҳои зиндагӣ дар қишри коргар ва корманд аз байн наравад. Афзоиши 20 то 25 фоизии дастмуздҳо ва ироъаи имкони хариди арзон ба 17 милион эронӣ барои хариди колоҳои асосӣ, аз ҷумлаи ин иқдомот буд, дар натиҷа даромади мутавасити хонаводаҳо дар соли 2013 ба 660 доллар расид дар ҳоле, ки дар соли 2012 танҳо 466 доллар буд. Ин афзоиш 40 дарсадӣ тақрибан муодили нархи таваррум буда аст.
Аз суи дигар бо вуҷуди афзоиши теъдоди бекорон ба 4 милион нафар, Эрон шоҳиди нооромиҳои иҷтимоӣ набуда аст, чаро ки сиёсатҳои таъмини иҷтимоии Эрон барои бекорон то 50 моҳ маошҳоро тазмин карда аст, ки баландтарин давраи пардохти маоши бекорон дар тамоми ҷаҳон аст.
Ҳатто агар таҳримҳо ташдид шаванд ва Эрон 70% даромади нафтии худро аз даст бидиҳад, на танҳо ҳамчунон қодир хоҳад буд солона 50 то 60 милиард доллар воридот дошта бошад, балки метавонад тирози тиҷории мусбати худро ҳифз кунад. Илова бар он банобар пешбинии сандуқи байналмилалии пул, иқтисоди Эрон дар соли 2014 навъе бозгаштро таҷриба хоҳад кард ва ба рушди 1.1 фоизӣ даст хоҳад ёфт.
Бинобар ин аз эҳтимол дур ба назар мерасад, ки ташдиди таҳримҳо битавонанд Эронро аз идомаи сиёсатҳои ҳастаияш боз дорад. Ҳатто агар таҳримҳо осеби ҷиддӣ ба иқтисоди Эрон ворид кунанд, ин осеб дар ҳадде нест, ки битавонад сиёсати ҳастаии Эронро тағйир диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |