Раҳмон аз ҳамкории сохторҳои махсуси Тоҷикистону Покистон розист
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми август, дар мулоқот бо фармондеҳи артиши Покистон, Ашраф Парвиз Каёнӣ, баробари масоили амниятӣ татбиқи лоиҳаҳои иқтисодиро низ баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд: “Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои низомию амниятӣ ва махсуси ду кишвар ва натиҷаҳои назаррасии ҳамкории онҳо изҳори қаноат карда шуд.”
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон баробари муҳокимаи вазъи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои эҳёи амну субот дар ин кишвар, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хатти баландшиддати барқии CASA-1000 ва пайвасти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон табодули афкор намудаанд.
Бояд зикр намуд, Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон, 28-уми августи соли равон бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард ва то имрӯз бо чанд тан аз масъулини кишвар мулоқоту гуфтугуҳо дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |