Шубҳаи Шабдолов аз шаффофияти интихбот ва ҳушдор аз пайомади фишор болои мухолифин
Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо он низоме, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, баргузории интихоботи шаффофу демократии президентӣ аз эҳтимол дур мебошад.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми август, дар ҳошияи ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, “аслан шаффофият дар ҳеч кишвари дунё ҷой надорад, чӣ расад дар низоми Тоҷикистон. Сад дар сад шаффоф баргузор гардидани интихобот маънои онро дорад, ки ҳизби ҳоким бояд омода бошад, то қудратро ба аҳзоби мухолиф биспорад. Аммо дар ҳеч кишвари ҷаҳон ҳизби ҳокиме ба ин амал розӣ нест. Ҳамин мегӯям, ки низоми сад сад сад шаффофи интихобот дар Амрико, Фаронса ва Англия вуҷуд надорад, на танҳо дар Тоҷикистон».
Дар робита ба афзоиши фишорҳо ба аҳзоби сиёсии мухолиф ва барномаҳои зидди наҳзатӣ дар телевизионҳои давлатӣ, раҳбари комунистҳои Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар бояд тавре роҳандозӣ карда шаванд, ки ҳеч ҳизбе болои худ фишор эҳсос накунад: «Ба назари ман ҳар фишоре аксуламал дорад. Дар як хонавода агар ба фарзанди хона фишороварӣ шавад, ҳатман ӯ ҳам садои худро мебарорад ва то ҷойе ба дашном низ мегузарад».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |