Ифшои фасодкорӣ дар гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ
Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти ду масъул хабар медиҳад, ки дар гирифтани пора барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ айбдор мешаванд.
Тавре як манбаъ аз Оҷонсӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, рӯзи 29-уми август Ҷамолиддини Маҳмадшариф, як сокини ноҳияи Бохтар ба Раёсати Оҷонсӣ дар Хатлон муроҷиат карда, арз намудааст, ки нисбати Забиров Усмоналӣ ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Қӯрғонтеппа, Бобохонов Абдушариф чораҳои конунӣ андешида шаванд.
Тавре сокини Бохтар арз доштааст, ин масъулин барои тайёр намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи "В С" маблағи 450 доллари амрикоиро талаб намуда истодаанд.
Дар натиҷа рӯзи 29-уми август, соати 13:24 дақиқа ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пас аз гирифтани 450 доллар Забиров Усмоналӣ Ғуломович, соли таваллудаш 1957 ва Бобохонов Абдушариф Отахонович соли таваллудаш 1961 дастгир шуданд. Манбаъ мегӯяд, айни ҳол алайҳи боздоштшудагон тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |