Шоҳиён ба ВАО тартиби кор дар интихоботро мефаҳмонад
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр зимни як ҳамоиш дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ ба журналистон тартиби кору иштирок дар интихоботро шарҳ медиҳад.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки баробари КМИР яке аз ташкилкунандагони ин мулоқот аст, бо пахши як иттилоия таваҷҷуҳи зиёди расонаҳоро ба интихоботи президентӣ таъкид кардааст. Иттифоқи журналистон мегӯяд, “рисолати ВАО дар ин давра ба ҷомеа расонидани иттилои саҳеҳу воқеӣ дар бораи ин маъракаи сиёсӣ, бо идеаҳои барномавӣ, мавқеи сиёсӣ ва уҳдадориҳои интихобшавандагон шинос намудани шаҳрвандон, тавасути расонаҳои хеш баён намудани афкори озоди мардум, боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар мавриди интихобот, назорату рафти интихобот ва мусоидат ба шаффофу бо адолатона баргузор намудани он мебошад.”
Иттифоқи журналистон меафзояд, барои иҷрои ин вазифаи хеле пурмасъулият хабарнигорон бояд омодагии хуб дошта бошанд ва ин аст, ки тасмим гирифтаанд, барои ошно намудани журналистон бо тартиби иштирок ва инъикоси ин мавзуъ дар ВАО бо Шермуҳаммади Шоҳиён раиси КМИР ва дигар масъулини комиссия мулоқот доир кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |