Бахшҳо

Танқисии журналистон аз хона ба самъи Убайдуллоев расонда мешавад

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва раисони шаҳру навоҳии дигар барои ҷудо намудани замин барои сохтмони манзил ба кормандони воситаҳои ахбори оммаи кишвар, муроҷиат намояд.

Тавре аз ин иттифоқ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, мақсад аз ин муроҷиаташон ин аст, ки замин ё манзил ба журналистон аз тарафи шаҳрдорӣ бо нархи арзон ва бо роҳи қарздиҳӣ фурӯхта шуда, маблағи онро журналистон дар давоми 10-15 сол бе таъйини фоиз пардохт намоянд.

Масъулини Иттифоқи журналистон иброз медоранд, дар ин масъала саъй хоҳанд кард, то бо шаҳрдорӣ мувофиқа ҳосил гардад: «Комиссия иборат аз шахсони босалоҳият-аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва як нафар намояндаи идораи ВАО эҳтиёҷи воқеии кормандро ба манзил месанҷанд. Баъди анҷоми кори комиссия пешниҳод ва рӯйхати умумӣ аз тарафи Иттифоқи журналистон ба унвонии раисони шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад».

Иттифоқи журналистон аз масъулини идораҳои воситаҳои ахбори омма хоҳиш намудааст, ки рӯйхати кормандонашонро, ки ба манзил эҳтиёҷ доранд, сарфи назар аз он, ки аъзои ин иттифоқ ҳастанд ё на, то 10-уми сентябри соли равон ба ин ниҳод ирсол намоянд.
Мӯҳр
Ба Шахрзоди Амин дар навбати аввал хона дода шавад.

Хатлон
Устоди мухтарам Акбари Саттор мо аз соли 2005 боз дар навбати замин мунтазир нишастаем. Аризаву дигар санадхои омода намудаи мо чандин маротиба аз Коммияи таксими замини нохияхо гайб зада бошанд хам, бовар дорем сохиби замин мешавем. Танхо он ваъдахоро бояд мушовирон ба раиси Хатлон Гайбулло Авзалов ёдрас кунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)