Барои кормандони давлатӣ туҳфа гирифтан манъ мешавад
Вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро омода доранд, ки бар асоси он барои кормандони давлатӣ гирифтани подошҳои молию ғайри молӣ манъ мешавад.
Эркин Олимбеков, намояндаи мардумии қирғиз ва ташаббускори лоиҳаи “Қонун дар бораи бархурди манфиатҳо” мегӯяд, дар ин лоиҳа манъи гирифтани туҳфа, даъватнома ба зиёфат ё сафарҳои сайёҳӣ ба хориҷ ё дохил аз кишвар барои кормандони давлатӣ аз ҳисоби шариконашон зикр хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Олибеков, барои кормандони давлатӣ иштирок дар бозиҳои хусусияти қиморӣ дошта низ манъ карда мешавад. Вале ӯ мегӯяд, онҳо метавонанд дар маросимҳои ҷашни арусӣ, зодрӯз ва ҷаноза иштирок кунанд.
Инчунин барои онҳо гирифтани туҳфаҳои дипломатӣ иҷоза дода мешавад. Вале агар арзиши он аз даҳ нишондиҳандаи муқарраркардаи ин лоиҳа зиёд бошад, он ба давлат супорида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |