Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи 11 қирғиз дар Қазоқистон
Вазорати умури дохилии Қазоқистон алайҳи 11 шаҳрванди Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Расонаҳи қазоқӣ мегӯянд, ин шаҳрвандони Қирғизистон дар ғайриқонунӣ гузаштани марзи Қазоқистон муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло тафтишоти парвандаҳо идома дошта, қарор аст, моҳи сентябр ба додгоҳ ирсол шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Токон Маметов, муовини нахуствазири Қирғизистон зимни мулоқот бо пайвандони айбдоршавандоҳи қирғиз мегӯяд, мақомоти кишвараш бо ҳамтоёни қазоқи худ дар ин бобат гуфтугӯ доранд, вале мақомоти Қазоқистон то ҳукми додгоҳ содир нашавад, онҳоро ба ватанашон истирдод нахоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 11-уми июли соли ҷорӣ марзбонони Қазоқистон 11 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардаанд, ки мехостанд ба таври ғайриқонунӣ марзи ин кишварро гузаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |