(НАВШУДА) Ҳабси 5-рӯзаи Маҳмудҷон Қосимов ва эълони танаффус дар мурофиа
Имрӯз, 29-уми август додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қисмати аввали мурофиа алайҳи ташкилкунандагони флеш-моб Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори "Тоҷикистони нав"-ро ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда, то соати 13:00 танаффус эълон кардааст.
Ин мурофиа пушти дарҳои баста, алайҳи ташкилкунандагони флешмоб ба тарафдории Зайд Саидов баргузор мегардад.
Мавҷуда Соҳибназарова, узви гурўҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», дар сўҳбат ба «Озодагон» гуфт, субҳи имрўз ҳамаи ташкилкунандагони флеш-моб, аз ҷумла худи Мавҷуда, Маҳмудҷон Қосимов, Хайруллоҳ Саидов ва чор писари дигари Зайд Саидовро мақомоти пулиси Исмоили Сомонӣ барои бозпурсӣ даъват карда, аз идораи пулис ба додгоҳи ноҳия бурдаанд. Соҳибназарова танҳо ҳаминро хабар дод, ки ташкилкунандагон аз рӯи моддаи 460-и Кодекси маъмурӣ, яъне нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ё худ майдаавбошӣ муттаҳам мешаванд. Моддаи 460 муқаррар кардааст, ки "барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад"
Аммо Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, пешниҳоди чунин иттиҳомро алайҳи ташкилкунандагон ғайриқонунӣ гуфт, "чун дар қонунгузорӣ ишора нашудааст, ки барои флеш-моб бояд иҷозат гирифта шавад. Баробари ин ташкилкунандагони флеш-моб як ҷойеро интихоб намуданд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон намекард. Онҳо дар бом гузарондаанд ва ҳамаи меъёрҳоро риоя кардаанд."
Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд ва дар маркази Душанбе, дар боми бинои "Пойтахт" ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид. Дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.
Дар пайи ин флешмоб нимаи дуввуми рўзи 27-ум идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмудҷон Қосимов ва панҷ писари Зайд Саидовро барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Мақомот иддао доранд, ки ташкили флешмоб ғайриқонунӣ буд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.
Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, баъди омӯзиш дар додситонии генералӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |